Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳам ёфта оварданд. Падар дар сари ҷаҳл, ба ақидаи худаш, масъаларо яктарафа кардаӣ буд, ҷанги аввалу халоси охир:— Агар якбори дигар шунавам, ки ҳамон мухбир ба остонаи дари ту қадам мондааст, хонаатро алов мезанам, гарданатро бо сари меҳмонат мегирам, баъд худам чулу пӯстакамро бардошта ба дари ардом1 меравам, ана ман омадам мегӯям...

Вале холаш ҳам суст наомад, пӯписа кард, гуфт, ки ҳақ надорад ба меҳмони хонаи вай кордор шавад, хонаи ӯ дар ихтиёри вай нест, аз ягон ҷиҳат! Хушёр бошад. Кӣ хонаи вай меояд, кӣ не, ба ӯ дахл надорад. Хӯҷаини хонаи вай нест ӯ... Хабари падари Мушарраф ҳамин, ба ҳар ду гӯмаш шунавад... Ана ҳамин хел шӯру валвала аз паи Нозимӣ хестааст, лекин худи ӯ огоҳ не... Ҳозир дар ҳуҷраи мудири мактаб бо Мушарраф танҳо нишаста холаю хонаҳои ӯро васф мекард... Нозимӣ боз ба сари сухани огознамудааш омад.

— Гуфтам-ку ана мактаб ҳам тамоман... Чӣ мекунед? Хондан мехоҳед?

— Намегузоранд. Баъд ҳаваси худам ҳам не, аз хонаамон дур нашавам мегӯям,— гуфт Мушарраф.

— Минбаъд шуморо дар куҷо мебинам?

— Намедонам...— дар дил Мушарраф мақсади дигар дошт: То кай дуздида-дуздида бо ҳам вомехӯранд? Гапу калочаҳо зиёд шуд, деҳа пур... Бас будагист, якдигарро хуб омӯхтанд, шинохтанд. Оё вақте нарасидааст, ки дигар фикр кунанд, масъалаи зиндагии ояндаро андешанд, дар фикри ҳамхона, ҳамсар шудан биафтанд... Вале айб аст, ки аз ин боб духтар забон кушояд, айб, ки духтар хостгор шавад. Қайсарии падарашро намегӯяд... Хайрият худи Нозимӣ аз ин хусус сухан ба миён овард. Гуфт, ки одамони ба ақидаи мӯйсафедони деҳаи онҳо калон, бообрӯйро ба миён медарорад: раиси колхоз, мудири мактаб, баъд муҳаррири газетаашон.

Ҳамин нақшаи ӯ ба дили духтар чароғи умед овард. Падари ӯ ақидаи аҷибе дорад... Як аспи бузӣ доштанд. Сифаташ то ба Ўзбекистону Қирғизистон рафта... Човандозҳо онро ба ҷойҳои дур мебурданд. Рӯзе ба ҳамин аспи онҳо харидорон омаданд, се-чор нафар буданд.

Онҳоро падараш шаб то саҳар меҳмондорӣ кард.

1 Ҳабсхона

пешина
аз 399
навбатӣ