Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале аспашро надод, «намефурӯшам» гуфт. Харидорон беасп ба Кӯлоб баргаштанӣ набуданд, ба ақидаи падараш «харидорҳои хира». Яке аз одамони «баобрӯ, калоншаванда» — раиси шӯрои ҷамоаро ҳамроҳ гирифта боз ба хонаи онҳо омаданд.

— Ҳамин раис, ҳамин хел як одами бообрӯ, калони ҳамаамон, ки аспатро те гуфта дари хонаи ман омад, як асп не, даҳ асп ҳам бошад, медиҳам, хотири ин касро ба олам намедиҳам, — гуфт. Аспро бурданд.

«Агар, фикр мекард Мушарраф, ҳамин одамони номбурдаи Нозимӣ пеши падарам оянд, аҷаб не, «ҳа» гӯянд, аз рӯи онҳо гузашта наметавонанд». Ҳамин маслиҳат ба ҳар дуяшон писанд шуд.

Мушарраф саҳв накард. Пас аз он ки одамони бообрӯ — мудири мактаб, раиси колхоз, муҳаррири газетаи ноҳия Мавлонзода ба хостгории Мушарраф ба хонаи онҳо омаданд, падараш не нагуфт: «Чӣ кунем? Ҳеҷ намехостам, безор будам. Лекин ба хотири шумоҳо — шумоҳо, ки ҳамин як духтарро аз ман талабидед, ихтиёратон додам», гуфт бо дили нохоҳам.

Мушаррафро ҳамон шаб ба Нозимӣ номзад карданд. Вале падар дар забон розӣ буду дар дил ҳиҷил. Вақте «одамони бообрӯй»-ро бообу изат ба ҳар кадом ҷомаи барӯймол дода гусел кард, дарду аламаш тоза гашт. «Доманам ба домани вай мерасид, бурида мепартофтам, лекин ин одамҳо ба гарданам банд андӯхтанд, банд! Ноилоҷ шудам, чӣ карданамро надонистам...» мегуфт. Чеҳрааш чун офтоби паси абри тира, сиёҳ шуда буд. Аз афташ ҳамон шаб нахуфт ӯ. Хона медаромаду берун мебаромад, уффас мезад.

Тӯй ҳам бо дилсиёҳӣ гузашт. Падар худашро ба беморӣ андохт, сарашро бо рӯймоле сахт баста ду шабу ду рӯз аз хона берун нашуд. Гӯё тӯй не, мотам дошт ӯ. Вақти гусели Мушарраф вай «хайр» ҳам нагуфт. Мушарраф пеши падар даромада ҳарчанд гирьяю зорӣ кард, изни рафтан пурсид, ба дили вай раҳм наомад, ба ӯ дуо надод. Ана ҳамин тавр Мушарраф аз хонаи падар рафт. Истад, фикр кунад, падараш ҳамон рӯзҳо пешомади ӯро ҳис карда будааст, медонистааст, Нозимиро маъқул надонистанаш сабаб доштааст. Одамони

пешина
аз 399
навбатӣ