Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Ягон ҷои кор ёфтан лозим, заводи нон бошад, боз беҳтар. Файз дорад, шикам сер мешавад. Аз роҳгузарҳо пурс, бачам, заводи нон канӣ гӯй,— гуфт модараш.

Пурсида-пурсида онҳо ба заводи нон наздик шуданд. Дар мобайни ҳавлии он дудбарои баланде кад кашидааст. Аз дуриҳо ҳам менамуд, аз он дуди сиёҳ ба ҳаво мепечид. Лекин дарвозаи завод аз дарун баста. Зери дарахти туте, кӯчу палтарашонро партофтанд. Торик шуда буд. Қадаме чанд аз онҳо дуртар роҳгузарҳо мерафтанду меомаданд... Пардаи сиёҳи торики Рустаму модарашро аз назарҳо паноҳ кардааст. Шолчаеро густурданду дар тараддуди хоб шуданд...

Субҳгоҳон Рустам бедор шуда, шунид, ки марде бо модараш ҳарф мезанад. Баъд модар гуфт:

— Ҳамин хел, ака, як одами ба ду пул намеарзидагӣ рӯзи моро сиёҳ кард. Раҳрезу рӯрез шудем, хонаю дарамонро партофта омадем...

Модараш пеши он мард озорҳои ба сари ҳамаи аҳли Гулоб овардаи Қалтамансурро ҳикоят мекард, бо майдачуйдаҳояш. Аз рӯзи сиёҳи худаш ҳарф мезад. Ин мард чӣ касест, ки модарашро ба тап даровардааст. Охир ӯ ба ақидаи падараш аз он занҳои лоч, даҳоняла нест, баъзан боазоб аз вай тап мегирӣ.

— Зани муаллим Фирдавсиро бозӯрӣ ба хонааш бурд. Келини амаки Норро бадном кард, — аз кирдорҳои Қалтамансур ӯ ба мард мисоле паси мисол меовард, номи Парвонаро ҳам гирифт ӯ.— Ин духтараки ҷавон, аз сад гул як гулаш нашукуфта аз ситами ҳамин одам худашро нобуд кард. Ана ин писараки ман, ака, Рустам ном дорад, — вайро ба мард нишон дод, — бо ҳамин ёшӣ нимтана шуд, бачаҳақма заданд, ба ҷогаҳу ҷома буд. Сараш аз худаш нест, духтурҳо мегӯянд, ки вай дигар ба худ намебиёяд. Мо аз дасти ҳамин одам аз Гулоб мондем, беватан шудем, ака! — кӯрпаро аз болои Рустам кашид. — Хез, бачам, хез — гуфт модараш.

Рустам парида аз ҷояш хест. Мусоҳиби модараш марди калонсоле будааст, роҳгузар, дар чашмонаш айнак, мӯйсараш сап-сафед дар зери бағалаш ҷузвдони чармӣ.

— Рустамҷон, салом, — мард ба ӯ даст дароз кард. Рустам ҳам ба вай даст дод. Ноилоҷ буд, хиҷолат мекашид, ки дар хоб мондааст, дасту рӯяш ношуста.

пешина
аз 399
навбатӣ