Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ғайри заводи нон дар дигар ҷо кор кардан намехоҳед? — пурсид мард аз модари ӯ.
— Даҳонамон ба нони серӣ расад, ака, баъд як сарпаноҳ диҳанд...
Рустаму модараш бору бандашонро бардоштанд. Ва ҳамроҳи мард аз дари завод даромаданд... Марди айнакии мӯйсафедро дар ин ҷо ҳама мешинохтаанд. Дарбонҳо, коргарон, роҳбарони завод, дастҳо пеши бар, ба вай салом медоданд. Ӯ бо як марди ботанутӯш хеле сӯҳбат кард. Ин мард директори заводи нон будааст.
— Ана ҳаминҳоро ба кор гиред, хона ёбед. Ман ҳам аз ҳолашон бохабар шуда меистам, — гуфт ӯ Рустаму модарашро ба пешашон хонда. Вай аз модари ӯ боз Қалтаи Мансурро пурсид. Аз папкааш қалам ва чанд варақ қоғаз бароварда номи ӯро навишта гирифт.
— Ин хел касофатҳо аз рӯзи сахти мардум фоида мебаранд, аз ҷанг хурсанд, базму бозӣ меороянд... ба дилашон... Мард бо оташинӣ болои қоғаз қайдҳо мемонд...
Ҳамон рӯз Рустаму модараш ба кор қабул шуданд, ба онҳо як хонача ҳам доданд. Дур не, дар наздикии завод. Хурдакак, бомаш паст, бо сафолпораҳо пӯшида шуда буд. Модар бо шодӣ кулбаашонро рӯфт, тоза кард, шолчаю кӯрпачаҳошонро ба фарши он андохт. Шукр гуфт, қаноатманд буд.
— Дидӣ, бачам, гуфтам, ки ҳеҷ кас дар роҳ намондааст, ҷо меёбем, нон меёбем. Ин одамро Худо ба мо расонд, илоҳӣ барака ёбад... — мегуфт модараш.
Марди айнакии сарсафед ҳамон рӯз боз ба завод омад, ҷуста онҳоро ёфт, кулбаашонро дид. Аз директори завод боз хоҳиш кард, ки аз ҳоли Рустам, модари ӯ шахсан бохабар шуда истад, мадад расонад...
Он марди некхоҳ, ки муҳаррири як газетаю калони Тоҷикистон будааст, пеши Рустам ва модари ӯ ваъда дод: ба Гулоби онҳо рафта Қалтаи Мансурро меёбад, албатта меёбад...
Модараш бо занҳои бисьёр хамир мешӯрид, нон мепухтанд. Рустам аробакаш, бо аробакашҳо ба дӯконҳо нон мебурд. Азоби гуруснаҳо, барои нон ҷон додани одамонро ӯ ҳамин ҷо дид. Пагоҳии барвақт, субҳгоҳӣ, вақте, ки болои шаҳр ситораҳо ҳанӯз чун гулҳои осмони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо