Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
кӯҳна, умрдида, зиндагӣ, одамро медонанд, мешиносанд. Ана оқибаташ...
Мушарраф Меҳрубонро, ки сараш боз аз рӯи болишт лағжида буд, болотар кашид, боз ба паси миз омад, қаламро гирифт... Аризаи ба номи сардори шавҳар навиштаашро аз нав сатр ба сатр хонд.
«Бале, муаллими азиз, дар вақташ кӣ будани ин одамро нафаҳмидам. «Нозимиро мегирам», гуфта рӯ баровардам, шарму ҳаёро надонистам, хато кардам. Ба Мижгону Меҳрубонам зӯр мешавад. Онҳоро куҷо барам? Бепадари чӣ хел калон кунам? Зиндагиашон талх, рӯзашон сиёҳ мешавад, як умр дилашон озурда, ҳазину маъюс, ба онҳо бимирам ман!
Муаллим, ғами бачаҳои маро хӯред, ба падарашон гӯед, ки онҳоро сағера накунад, ба худ биёяд...» Мушарраф қаламро болои дафтар бурд. Боз чӣ нависад? Аз афташ, ӯ ин шаб хобиданӣ набуд, ба аризаи ба хаёлаш беохир ва пурсӯзугудозаш сатре, боз сатре илова мекард.
Занги телефони шӯъба баланд шуд. Шафиӣ саросема гӯшакро бардошт. Зеро телефони сиёҳ занг зад, телефоне, ки бо он сардор гап мезанад, овози худи муҳаррир.
— Нозимиро гӯед, назди ман дарояд.
— Наомадааст, — ҷавоб гардонд.
— Ҳоло ҳам? Соат қариб ёздаҳ-ку!
— Шаб навбатдор буд.
— Навбатдор? Шумораи гузаштаро хонда буд-ку!
Як рӯз нагузашта...
— Авзалов кор доштаанд, хоҳиш карданд.
— Ҳамин бачаҳои газетаи мо аҷоибанд, бинанд, ки касе гапашонро мегирад, не гуфтани суханро намедонад, тамом, ҳама корро ба гарданаш мепартоянд, намедонам, агар ҳамин Нозимӣ намебуд, ҳоли баъзеҳо чӣ мешуд. Ҳа... баъд ман ба ӯ як супориш дода будам, гуфта будам, ки аз заводи нон репортаж нависад, дар шумора ҷой мондаам...
— Супоришатон иҷро шуд, репортаж тайёр, чоп карда супурдам.
— Офарин, ташаккур... Худатон назди ман дароед, — Мавлонзода ӯро ба наздаш хонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё