Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ДИЛИ ПУРОРМОН

Ба ёди устод Фазлиддин Муҳаммадиев

Миёни варақҳо коғазе монд. Китобро пӯшид. Аз кай боз ин китоб дар дасти ӯст? Аниқ намедонад, ҳаминро медонад, ки он аз рӯзҳои дар омӯзишгоҳу дар донишгоҳи тиббӣ ва баъд дар аспирантураю докторантура хондан, баъд аз рӯзҳои ба табобати мардум машғул шуданаш, хуллас ҳар рӯз, ҳама вақт дар дасташ аст. Аз рӯзҳое онро меомӯзад, ки ҷавони харобаки назарногир ва нокирое буду ҳоло марди миёнсоли ботанутӯш ва қавипайкар аст. Дар ҳамаи ин солҳо ин асари безаволи Сино ҳамроҳи ӯ, мушкилкушои вай. Ба ҳар сатраш аз нав зеҳн монад, олами дигаре барояш кашф ва равшан мегардад. Албатта, ӯ қариб ҳамаи дигар асарҳои Синои бузургворро хондааст. Лекин «Ал-қонун»-и ӯ дигар, дар ҳалли ҳар мушкилӣ, ба ӯ мададгор...

Моҳи гузашта аз Америка омад. Дар чанд донишгоҳи олии тиббии ин ҷо ӯ маърӯза хонд, бо забони худи онҳо — бо англисӣ...

— Шумо тоҷик?

— Ҳа.

— Ҳамзабону ҳамнажоди Сино?

— Ҳа, — гуфт бо ифтихор.

Бале, ӯ тоҷик аст... Тоҷике, ки аз минбари маҷлису кунгураҳои олам сухан мегӯяд. Номи ӯ аз шӯҳрати Тоҷикистон ҳам зиёда... Воқеае дар хотираш мондааст. Дар Англия чанд нафар ӯро медонистаанду номи Тоҷикистонро нашунида... Аламаш омад, халқи ӯ кам. Кошки ҳисоби тоҷикон зиёд мебуду сарзаминаш васеъ...

Вай «Ал-қонун»-ро аз даст монду қаламу коғаз ҷуст. Аз Москва фармудаанд, ки як мақола нависад... Чашмаш ба рафҳои китобҳои ҷевон рафт. Дар чанд қатори он китобу мақолаҳои таълифкардаи худи ӯ...

пешина
аз 399
навбатӣ