Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Меҳри ба халқи бузургвораш доштааш вайро водор намудааст, ки ғайри соҳаи тиб дар боби тоҷику тоҷикшиносӣ асарҳо нависад... Миллати ӯ дар сарзамини Оснӯ қадима, таърихаш куҳан...
Мақолаашро анҷом дода натавонист. Монда шуд. Сараш ба хаёлаш вазнин... Вале аз худ розӣ. Агар шабе чизе нанависад, осоре рӯи қоғаз нагузорад, аз хеш домангир, дарун-дарун месӯзад, рӯз то бегоҳ хафаю хичил...
Варақҳои навиштаашро рӯи ҳам монду пайкарашро якнима сӯи тиреза ҳам андохт. Барф аз боридан намонда буд, зара-зара меборид, ба танаи симчӯбҳо, ки аз сари онҳо чароғҳои барқ фурӯзон буданд, ба шоҳои дарахтону болои бому дарҳо, рӯи роҳу роҳравҳо мефурӯмад, замину замон сафед, нуқра барин менамуд, ҷило медод. Ӯ дар рӯзҳои барф сайру гашт намуданро дӯст медорад, хуш меоядаш, ки ӯ бошаду саҳрои пурбарф, танҳоию осудагӣ. Хуш меоядаш, ки бо хаёлҳои ширин, андешаҳояш танҳо роҳ бигирад, аз рӯи барф роҳаш тӯл ёбад. Хаёли ӯ ба инсон, инсоне, ки ба гуфтае ҷони ҷаҳон асту умраш кӯтоҳ, ҳазору як дард ба гиребонаш андармон. Дардҳое, ки чун ба ҷисми одамӣ роҳ ёбанд, ӯро ба гӯр баранд имкони халосӣ не... Ҳайфи одамӣ... Баъзе паррандагон аз ӯ бештар умр мебинанд, бештар дамидани субҳу тулӯъи офтобу моҳро наззора мекунанд, ҳаловат мебаранд... Аммо инсонҳо кӯтоҳ, бисёр кӯтоҳ будани умрашонро дар дунё фикр накарда дар хаёли бадию бахилӣ ба якдигар... Ба назди ӯ инсонҳоеро дар дами марг овардаанд, ки ҳамчинсонашон ба онҳо дарафтаанд... бе ҳеҷ ваҷҳ, бегуноҳу сабабе одам одамро куштааст... Сари худи ҳамин инсони одамкуш ҳам, албатта рӯзе ба болин меояд, аз шарбати марг ӯ ҳам мечашад. Аз он ҷои гурез не. Соатҳои аз дунё гузаштан, бо он хайрбӯд гуфтан... Бе ҷазо намемонад инсони одамкуш... Аҷаб не бештар ҷон биканад, сахттар... Қош ин зумра одами аз худ бехабар, «Ҷиноят ва ҷазо»-и Достоевскийро мехонд... Инро худи ӯ дар зиндагӣ дидааст, дидааст, ки одамкуш хору забун, радди маърака, лаънаткардаи халқ гашт.
Муаллими онҳо ба ҳамаи аҳли синф муҳибу меҳрубон буд. Намегузошт, онҳо аз якдигар дилмонда бошанд, байнашон низое хезад. «Бо ҳам дӯст шавед, бачаҳом, дӯст», таъкид мекард. Аз ҳоли ҳамаи онҳо огоҳ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор