Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
пеши онҳо барад?... Шафиӣ аз шодӣ мерақсад, дилаш боғ-боғ кушода мегардад, муродаш ҳосил. Ба Шаҳноз чӣ мегӯяд?
— Ба шумо ҷавоб, Нозимӣ, равед, — сухани Мавлонзода ба гӯшаш садо дод. Аз ҳад зиёд бераҳм будааст ӯ, лекин Нозимӣ намедонистааст. Бо дасти худ рӯяшро сиёҳ карда, аз назди муҳаррир баромад. Аз редаксия пеш шуд... Наход имкон намонд, ки хатояшро ислоҳ кунад? Наход касе набусад, ки ҳамин ҳозир ба назди муҳаррир даромада корро ба сулҳу салоҳ гардонад? Ҳозир сарашро ба куҷо занад? Мурғи посӯхта барин буд, ба хаёлаш ҳама ҷо оташ, ҷои истодан, орамидан намеёфт. «Чӣ кунад?», такрорран ба худ суол медод.
Фармонро котиба чоп карда овард. Мавлонзода онро ҳарф ба ҳарф, сатр ба сатр мехонд. Акнун ӯ бояд боз як бори дигар қаламро ба даст гираду имзо гузорад. Баъд ин коғаз ба шӯъбаи кадрҳо меравад. Нозимӣ ҳам. Аҷаб не қадамаш дигар идораи газетаро набинад, аҷаб не. Як вақт Нозимӣ ҳам дар идораи газета кор карда буд, мегӯянд мардум. Алҳол ин воқеа сар назадааст, ба як имзои Мавлонзода вобаста. Нозимиро худаш ба кор оварда буд, фармони ба кор гирифта шуданашро ҳам худаш навишта буд... Он рӯз ҳам айёми тирамоҳон буд, боз тирамоҳ... Аз тиреза ӯ себзоронро медид, офтоби бегоҳирӯзӣ ба рӯи баргҳои зардшудаи себҳо нур меандохт, олам ғарқи нур. Якта-нимта баргҳои хазонро бод мебурд, дар фазо бозӣ доштанд баргҳо... баргҳо... оҳ баргҳо... дар баҳорон ӯ аз ҳамин тирезаи утоқи кориаш онҳоро тамошо мекард, сабзу ботароват, назаррабо буданд онҳо... Аммо ҳоло дигар: хазон шудаанд.
Аввалҳои моҳи октябри соли 1969 буд. Мавлонзода, ба мактабе, ки Нозимӣ кор мекард, сим зад, хоҳиш намуд, ки вайро ба редаксия — ба назди муҳаррир фиристанд. Ҳамон рӯз не, пагоҳаш назди ӯ омад Нозимӣ. Беҷуръатона, оҳиста дарро нимроғ кард. «Мумкин, муаллим», иҷозат пурсид. Аз дар дарун шуда ба як курсии наздикаш нишаст. Сар боло намекард, шарм медошт, ранги рӯяш суп-сурх гашта буд.
— Шумо Нозимӣ? — пурсид Мавлонзода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё