Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Ҳа, муаллим, — сараш болои зонуонаш хамтар шуд.

— Дар газетаи мо чанд очеркатон чоп шуд?

— Ҳамин сол чор очерк, ду ҳикоя, боз чанд лавҳаю хабар.

— Гирумонатон нағз, бад не.

— Ташаккур, муаллим, ходимони газетаатон одамони нағз, муаллим, ёрӣ мерасонанд, маслиҳат медиҳанд, аз онҳо миннатдорам.

— Университетро хатм кардед?

— Не, институти педагогиро.

— Кадом факултет?

— Таъриху филология.

— Кай?

— Соли гузашта.

— Дар кадом синфҳо дарс мегӯед?

— Як синфи як дорам, баъди нимрӯз дар синфҳои ҳаштум дарс медиҳам.

— Дар редаксия кор кардан мехоҳед?

— Ҳа, муаллим, лекин роҳ дур, ҳар рӯз колхоз рафта омада намешавад. Баъд, як модар дорам, пиранд, танҳо...

Ана ин шарти Нозимӣ гарон буд. Мавлонзода ба ӯ чӣ гуна хона меёбад? Худи кормандони газета ҳам бехонаанд, солҳои сол дар навбатанд. Баъзехояшон зану кӯдакдор, иҷора мешинанд. Вале Нозимиро ҳам бояд ба кор гиранд. Чанд вақт боз ӯ дар ҳамин фикр аст. Дар муҳити редаксия вай тарбия меёбад, як нависандаи нағз мешудагӣ барин. Ба ӯ бояд ёрӣ расонанд, аз назар дур намонад... Ба худи ӯ ҳам собиқ муҳаррири газета Абдуллозода мадад расонда буд... Аз хотир бароварда наметавонад, як умр миннатдор аст аз вай. Мӯйсафеди раҳмдил, хайрхоҳе буд. Ҳангоме ки ӯ мактабхон буду ба газета баъзан хабару мақола менавишт, Абдуллозода вайро суроғ карда ба мактабашон рафт. Дар дарс набуд ҳамон рӯз, аз хонаашон ёфта ӯро пеши Абдуллозода оварданд. Мӯйсафед бо вай сӯҳбат кард, маслиҳат дод. Баъд, ба ӯ ҳуҷҷати мухбирӣ супурд. Баъди синфи даҳумро хатм карданаш, вайро ӯ ба Душанбе бурд, аз номи редаксия тавсия навишт, ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи журналистикаи университет супурд. Солҳои донишҷӯиаш ҳам мӯйсафед гоҳ-гоҳе ба донишгоҳ меомад, ӯро хабар мегирифт. Баъди соҳибмаълумот шуданаш Абдуллозода ӯро дар газета ба кор

пешина
аз 399
навбатӣ