Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҳамин ҳам Мавлонзода вайро дӯст медорад, мехоҳад ӯ барин одамон дар коллектив бештар бошанд...
Назари Мавлонзода ба соати болои миз афтод. Ақрабаки соат ба ёздаҳ майл дошт.
— Тарҳи шумораи ояндаро муҳокима намекунем?— пурсид ӯ.
— Ихтиёратон.
— Мудирҳоро ҷеғ занед, имрӯз боз маҷлисча ҳам дорем, аз хотиратон набарояд...
— Худатон мегузаронед?
— Ҳоло маълум не, ба фикрам, ин бегоҳ дар райком маҷлис. Ҳанӯз гуфтугӯи онҳо ба охир нарасида телефон занг зад. Худи котиби якуми комитети партиявии район бо Мавлонзода гап мезад. Кайфи муҳаррир парид, ранги рӯяш канд, сафед шуд.
— Ба райком хабар додаанд, навиштаанд,— гуфт беҳолона.
— Аллакай?
— Ҳа, ҷеғ заданд,— Мавлонзода аз ҷояш хест. Аз паси Шафак Шариф аз утоқаш берун шуд. Гуфтугӯи тунду тези котиб бо телефон дар гӯшаш садо медод.
— Дар тӯй иштирок доштед? Раиси давра ҳам худатон?... Рост? Офарин, рафиқ Мавлонзода, канд занед... Шумо намояндаи райком, роҳбари идеологӣ... Аз афташ вазифаатонро аз хотир баровардед, фаромӯш кардед. Аз чанд ҷиҳати дигар ҳам бо шумо гуфтугӯ карданамон лозим... Мегӯянд-ку, рафиқ Мавлонзода, об дар як ҷо бисёр истад, бӯй мегирад. Айби худи мо ҳам ҳаст, ба ҳолатон гузоштем, бовар кардем...— Котиб ӯро ба худ овард, воқеан ҳам дар масъалаи Нозимӣ андешаю мусоҳилакории ӯ аз ҳад гузашт... Наранҷад, ба кори эҷодиаш халал наояд... Боз ҳазор ваҷҳу сабабҳо хомхаёлиҳо... Гӯё гаҳвораи вай аз осмон омада... Ҷазо чӣ, ки ӯро ту нагуфт Мавлонзода...
Шаби тӯи шавҳараш Мушарраф хуфта натавонист. Ба хаёлаш, ки лаҳзаҳои тираю тори умри ӯ буд он шаб. Азиятҳои беҳисобу андозае. Меҳрубон то хонаашон, чӣ хеле мегӯянд, забон дар даҳон намегирифт, чокид, хун аз дидаҳо рехт. Ӯро пуштора кард модар. Вале по мезад, бо дастонаш мӯйҳояшро меканд, рӯяшро мехарошид... «Мон маро, мон, пеши додом меравам, пеши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё