Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дод, доду мағал бардошт, ба таҳлука, ба воҳима афтода буд ӯ.

— Ин кас ҳамкори падараш, — ба ҳамсояҳо шиносонд Шафииро Мушарраф ва дар дил ифтихоре ҳис мекард. Лаҳзае нагузашта ба хонааш, ба гуфтае, ки духтурҳо ғарамиданд. Онҳо як-ду нафар не, бисёр буданд, хонааш пури одамони хилъати сафедпӯш шуд.

— Писари Нозимӣ, — Меҳрубонро Шафий ба духтурҳо нишон дод.

— Худаш дар он ҷо-а? Тӯй? — ӯро ҳама мешинохтанд.

— Алҳазар аз чунин падарҳо, алҳазар, — гуфт Шафий.

— Ба шумоҳо мумкин, шумо нависанда, журналист... — қиноя зад як духтур.

Меҳрубонро пеши бағал гирифт яке аз духтурҳо. Модар ҳайрон монда буд: ҳамроҳи ӯ ба мошини ёрии таъҷилӣ нишинад, ё бо Миҷгонаш дар хона монад. Миҷгон ба доманаш часпида буд. «Метарсам, оча, наравед», мегуфт ӯ. Чашмаш чор, Шафий ба вай боз мададгор шуд. Худаш дари мошини ёрии таъчилиро кушод.

— Писаракам танҳо намонад, муаллим, акои қиёматиам шавед, муаллим! — Мушарраф ба кадом забон ба Шафий миннатдорӣ баён карданашро намедонист. — Барака ёбед, давлататон зиёда гардад.

Мошини ёрии таъчилӣ садои гӯшхарош дода ба паси бино тоб хӯрд, ба роҳи калон, ба қатори мошин даромада нопадид шуд. Вале садои ваҳмангезаш аз гӯши ӯ дур намегардид. Гӯё мошин фиғон мекашид.

Садои дигаре ҳам ба гӯши модар меомад: садои мусиқӣ, сурудхонӣ. Он ҷо тӯй гармтар мешуд, тӯи додои Меҳрубон, Меҳрубоне, ки аз ғами падар дарди кӯҳнааш рӯ гирифт, ӯро беморхона бурданд. Меҳрубонро не, гӯё дили Мушаррафро аз синааш бурданд, ҷонаш, рӯҳи равонаш аз ӯ рафт, танҳо монд, хафаю маъюс гашт.


Мушарраф дар долони беморхона, болои харак бо сари хам менишаст. Миҷгонакаш дар сари зонуяш. Аз пагоҳ ӯ ҳамин ҷо писаракаш бехуд, надамаш даромадан намемонанд, ба ҳуҷрае, ки Меҳрубон хоб аст,

пешина
аз 399
навбатӣ