Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

намешаванд, аҳмақ, гӯл будааст ин зан, мегӯянд, механданд... Ҳа, ҳамин тавр ҳам гуфтаанд, шунидам,— Шафий аризаро пеши Мушарраф паҳн кард, ручкаро рӯи коғаз гузошт.— Имзо монед, келин, ҳамаи дарди дили шуморо ҳамин ҷо навиштам, муҳобот накардам, рост навиштам, дурӯғ не,— гуфт ӯ.


Мавлонзода беҷуръатона дохили утоқ шуд. Котиб машғули кор буд, аз болои варақҳо сар набардошта ким-чӣ менавишт, «шинед», гуфт ба Мавлонзода нигоҳ накарда. Ӯ курсӣеро оҳиста пеш кашид. Боз лаҳзаҳо рафтанд... Котиб ниҳоят ба охири навиштаҳояш нуқта монда сар боло кард.
— Хӯш, рафиқ, Мавлонзода, дар тӯй хизмат кардам, гӯед. Дурӯғ набудааст,— гуфт ва чанд варақи пушту рӯяш навиштаро ба даст гирифт.— Ана, ин аризаи зани ӯ,— таъкид кард ва давом намуд:— Ба ҳамааш акнун ҷавоб мегӯед. Гуфтам-ку, мо ба шумо аз ҳад зиёд бовар кардем...
— Инҳо якдигарро нағз медиданд, хурд нестанд, аз ҳамаи пастию баландиҳои зиндагӣ бохабар...
— Дӯст доштанд, мегӯед? Ин Нозимии шумо ба зани аввалааш ҳам ошиқи шайдо будааст, хостгори ӯ ҳам худатон, ба ин духтар ҳам тӯйдор худатон. Шумо чӣ хел одам? Чӣ хел муҳаррири газета? Чӣ хел аъзои райком? Кӯдак нестед, одами калон, рӯзгордида...
— Суд Нозимиро аз занаш ҷудо кард, ҳамааш аз рӯи қонун...— Мавлонзода худашро сафед кардани буд. Роҳи аз ин гуноҳ халосӣ меҷуст.
— Чанд кӯдак дорад?
— Як писару як духтар.
— Ҳардуяш ҳам хурдакака? — Котиб боз давом намуд:— Онҳо чӣ хел рӯз мебинанд? Як умр дар азоб, бахти модарашон ҳам сиёҳ... Шумо бошед, мегӯед, ки ҳамааш аз рӯи қонун, марги қонун... Ба ҳамааш шумо, ҳамаи аҳли газетаатон гунаҳкор... Ба вай нафаҳмондед, ҷанг накардед, ҳайфи ту нагуфтед... Котиб ҳақи гапро гуфт. Дар як идораи онҳо не, дар ҳамаи коргоҳу муассисаҳо ба муносибати зану шавҳар дахл намекунанд... ба арзи онҳо эътибор намедиҳанд. «Барои соф кардани ҷанҷоли шумо суд ҳаст, ба идораҳои дахлдор равед, моро гаранг накунед, ташвиши худамон кам

пешина
аз 399
навбатӣ