Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ба ман калонҳоятон лозим, бо онҳо гап мезанам, бо шумо не, шумо баринҳо ин ҷо садто, хӯҷаин нестед шу- мо, калон доред...

Девона шудааст ин шавҳари ту,— ҳамшира аз назди Мушарраф гузашт.

Ба ақидаи худаш, Мушаррафро зиёнҳояш ба вас- васа андохтанд. Асабҳояш беҷо шуд. Меҳрубон, писа- рам мегӯяд ин одам? Фарзанд, бачааш ана вай Шаҳ- ноз! Қиблаю имонаш Шаҳноз! Чаро истиҳола мекунӣ? Бо чӣ андеша? Ҷои андеша намонд, рафт, бегона шуд. Ба сараш хез, аз гиребонаш дор, ба берун каш, ба па- раи даҳонаш зан, либосҳои домодиашро дар танаш по- ра-пора кун, ҳарфи фарзанд — Меҳрубонро дигар ба забон наор, гӯй, намон пеши писаракат дарояд, наби- над ӯро...

Мушарраф миёни долон қадам монд. Ӯ дар ҳуҷраи сардухтур, ҳоло берун меояд. Баромад ӯ. Нозимӣ пеш- пешу сардухтур ақибтар аз ӯ меомад, дастҳояш пе- ши бар.

— Куҷо меравад ин одам?

— Пеши Меҳрубон медароянд, — беҷуръатона ча- воб дод сардухтур ба Мушарраф.

Хоб мебинад, ки пеши Меҳрубон даромадааст, хоб!

Дастонаш дар миён пеши Нозимӣ аз ғазаб мелар- зид, аз оташинӣ як ҷо истода наметавонист. Ҳама ба вай насиҳат мегуфтанд...

Шумо, хоҳар, ғами бачаи худатонро хӯред. Мо худамон фармудем, Меҳрубон «додо» мегӯяд. Додояшро бинад, аҷаб не, ба худ меояд, сиҳат мешавад... Медонед агар шумо нагузоред, чӣ гап мешавад? Худо нишон надиҳад... Аз бача мемонед, аз ҷанҷоли шумоҳо вай ҳайф мешавад.— Ҳам сардухтур, ҳам ҳамшираҳо ҳамин суханонро такрор мекарданд, мегуфтанд, ки вақт мегузарад, дер мешавад... Марг ба ҷангу ҷӯши онҳо, тифл барҳам мехӯрад, мемирад... Мутаассир гашт Мушарраф. Сукуташ аломати ризо, ризоят аз ноҷорӣ... Ӯ тоқат кард, сиёҳу кабуд гашт, хаёлаш ба Меҳрубон... Аз шаб боз нахуфтааст Мушарраф, намакро начашидааст... Чӣ рӯзи сиёҳе. Ҳамааш ба якборагӣ ба сараш омад. Бебахт будааст ӯ, берӯзӣ. Худо рӯяшро сурх кунаду писараш сиҳат ёбад... «Чаро аз пеши ӯ берун намеоянд? Боз ягон фалокат шуда аз дидори гарми ҷонакаш маҳрум намонад... Баъд ӯро гузоранд ё

пешина
аз 399
навбатӣ