Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ғаму аламдор... Миннатдор намешаванд мардум, раҳмат намегӯянд, — Мушарраф насиҳат кард шавҳарашро.
— Наметавонам, касби журналистон ҳамин тавр, Мушарраф, гоҳо рӯзҳои дароз ғами дигарон, ғами онҳоеро мехӯрӣ, ки ноҳақ озор дидаанд, ба редаксия мактуб навиштаанд. Дилат месӯзад. Мадад расонам мегӯй ба ин хел одамҳо...
«Ҳамаи ин гапҳояш дар забон будаанд, дурӯғ мегуфтааст, худаш аз ҳама бадтар, дилсиёҳ, ифлос, худозада...»
— Чӣ гуфтӣ, хоҳар? — ҳамшира ҳайрон шуд аз ин
тавр ногаҳон ба сухан омадани ӯ.
Ба суоли ҳамшира ҷавоб нагуфт Мушарраф. Бале, Нозимӣ Меҳрубонро дӯст медошт, ҷонаш дар тани ӯ буд, хурдакак буду дар пушти падар кӯк кардагӣ. Кӯча ба кӯча, мағоза ба мағоза мегардонд ӯро... Баъзан барои ин худи Мушарраф ба ӯ механдид.
— Айб аст, додош, шумо ҳоло ёш, бачаи динангӣ, пир, ҷигарсӯхта нестед, механданд мардум, масхара мешавад...
— Мон, ханданд, занак, даҳони мардуму дашти худо, ихтиёрашон. Лекин ман Меҳрубонро дӯст медорам, вай ҷони ман, қуввату мадори дилам.
...Меҳрубонро ба боғи ҳайвонот, ба театри зоча мебурд падараш. Чӣ хоҳиш мекард бача, ба ҷо меовард.
Шабҳо ҳамроҳаш, дар бағалаш. Ба деҳа, ба хабаргирии модараш ҳам, ки мерафт, писарашро ҳамроҳ мебурд. Ду рӯз-се рӯз ҳам ки мегузашт, Меҳрубон ёди модар намекард. Ба ҳамин дараҷа бачаро ба худаш омӯхт карду вайро партофта рафт... Акнун овози падар, дидори вай ба тифли бемораш дору шудааст. «Шумо ишқро чӣ медонед?», гуфтааст, ба ҳамкоронаш, шарм надоштааст, ҳаё накардааст... Шаклу сумоташро мурдаҳо бинанд....
— Нозимиро чеғ занед, муаллим,— аз телефон овози арӯси ҷавони ӯ — Шаҳносро шунид Шафиӣ.
— Рафтанд,— ҷавоб дод.
— Ман навбатдор гуфта буданд.
— Ман навбатдор, келин.
— Хона наомадаанд, ташвиш кашидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё