Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Алло, — пеши даҳонаш овард гӯшакро...
— Шаҳноз, чиба дарро намекушой? Ҳамсояҳо баромаданд айб шуд. Чӣ мегӯанд онҳо? — Нозимӣ илтиҷо мекард.
— Куҷо рафта будӣ?
— Ҳеҷ ҷо, Шаҳноз.
— Рӯятро... — Давоми суханҳояш дар нӯги забонаш монданд, — астағфурулло,— гуфт.— Биё, куҷо буданатро худам гӯям, биё! — гӯшакро болои курсӣ ҳаво дод.
— Алло, алло, Шаҳноз... — Шунида мешуд овози Нозимӣ.
— ...Куҷо рафта будӣ? — худи Шаҳноз ба рӯи Нозимӣ дарро кушод ва аз ӯ ба саволаш ҷавоб хост.
— Ҳозир, Шаҳноз, ҳамаашро мегӯям, аввал як пиёла об биёр, сӯхтам,— либосҳояшро накашида болои курсӣ худашро партофт ӯ. — Об, — гуфт ӯ боз.
— Заҳр гӯй, меорам, об не, заҳр... Ту аввал ҷавоб гӯй, нашин, ҷои осуданат хонаи мо не, ҳо ана он ҷо, — дасти Шаҳноз ба тарафи тиреза — ба берун рост шуд, — хонаат, пеши беваат...
— Шаҳноз, ту маро накуш, раҳм надорӣ ту! — Овозаш хаста гашта буд, сараш чарх зад. Пас аз тӯй бадбахтӣ, рӯзи сиёҳ. Шодию хурсандиҳояш аз биниаш омад. Ба ақидаи худаш, ки имрӯз шармандаю беобрӯ, ба хоки сиёҳ яксонаш намуданд, фарши роҳ шуд, ҳама ба сараш қадам монданд, лағат заданд, ҳама таёр, маҳтали имо буданд, саг барин тала карданд. Шафақ Шарифи касофат сагҳоро ба сараш киш-киш андохт. Як одамҳое «Нозимӣ ганда» гуфта хестанд, ки дар лабашон пашша шинад, киш намегӯянд, лаб доштанду забон не. Аз онҳо ин тавр умед надошт ӯ. Қариб ҳамаи ҳамкоронашро дӯст ва рафиқони ҷонӣ мепиндошт. Аммо пайт меҷустаанд ҳама! Қадаммониҳояш дар ҳисоб будаасту вай бехабар. Дар дафтарчаҳо менавиштаанд, қайд мекардаанд. Аз рӯзи ба редаксия омаданаш чӣ саҳву хатое аз ӯ гузашта бошад аниқ, бо соату рӯзҳо... Кай, дар куҷо, бо киҳо арақ нӯшида, маст шуд, киро як гап гуфту киро тела дод: дар рӯзҳои навбатдориаш дар газета чӣ хато гузашт, аз кадом як сарлавҳа ҳарфе афтод, ё дар маҷлисе гузориш дошту бетайёрӣ омад, дар як командировка ким-киро дӯғ зад... Мисолҳо лак-лак, коҳи кӯҳнаро бод доданд... Ба гуфтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё