Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гӯё даҳонашон дард намекард. Лакиданду лакиданд. Мудираш Шафиии бесавод гӯё дар ҷояш шишта наметавонист. Мехесту меништ, дасташ ҳамеша чухт «Ман, ман» паи ҳам иҷозати сухан мехост, ба вай гӯё худо дода буд, бузи бозигар барин... Одам ҳам аз ноомади як кас ба ин дараҷа хурсанд мешудааст. Тавба? Мор будааст ӯ, мори тағи пудина... Ваю Шаҳноз ҳангоми назди ӯ нишастан ба вай эътибор намедоданд.
Дар хаёлашон, ки ин мӯйсафед ба онҳо гӯш намедиҳад. Вале дар чашмҳо айнак, сараш ҳам будаасту хушаш ба гапу ҳарфи онҳо. Чӣ ҳарфе аз забони онҳо мешунидааст, менавиштааст, ҳатто бо телефон бо якдигар салому алек карданҳояшон ҳам... Ӯ достони ишқи онҳоро аз аввал то охир иншо намуда будааст...
Ҷо-ҷо аз он ҳарфҳои ширини Шаҳнозу Нозимӣ ба забон овардаашонро хонд, хандонд аҳли маҷлисро, масхара кард Нозимиро, аз ҳад гузаронд... Гапҳое аз забони ӯ шунид, ки тарки сараш кушода монд.
Муаллимаш Мавлонзода ҳам ҷандаашро дар муқобили вай чаппа пӯшид, ҳайрон монд, шах шуд, тавба!
Ҳамин тавр дар маҷлис ӯро тела карда-тела карда ба лаби ҷарӣ оварданд. Ками дигар монд, ки сарнагун афтад, аз кор, аз редаксия равад. Ба сараш омадани ин хел рӯзро ӯ асло тасаввур надошт, ба хаёлаш намеомад. Лекин ҳамин тавр мешудааст... Беҳуда будаанд фикру андешаяш дар бораи худаш, дар бораи миёни рафиқон обрӯманд буданаш, дар бораи муҳаррир Мавлонзода, дар бораи ҳамаи хурду калони редаксия. Душманаш будаанд онҳо, душманҳои рӯиросташ... Ба болои ҳамаи ин дар маҷлис Шафиӣ талхакафаш кард. Гуфт, ки Меҳрубонаш бемор, дар назъи ҷон... Аз даҳонаш бод барад ин хабари шумро, аз даҳонаш барояду ба гиребони худаш часпад, бачаи худаш ба назъи ҷон афтад... Баъди ин хабар дар маҷлис чӣ гуфтанд, чӣ хостанд? Ҳис накард. Дар хаёлаш писараш, Меҳрубон... Тарафи беморхона давид. Рост мегуфтааст ин зоғи шумхабар... Меҳрубонашро дид, хун дар рӯяш намонда... Ранги рӯяш зард, оби испарак барин. Рӯяшро ба рухсори Меҳрубон гузошт, сӯзон буд рухсораҳои ӯ, оташ барин, чашмонаш кушода шуданд, «додо» гуфт, майли хестан кард... Ҳоло ҳоли ӯ чӣ шуда бошад? Рӯзи аввали зангириаш ана ҳамин тавр буд. Нохуш буд... Боз Шаҳноз ба вай итоб кардааст, чӣ шӯре хезоданист? Нозу нузи беҳудаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё