Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
агар боз «додо» гӯӣ, мезанам, чунон мезанам, ки парраҳои рӯят алов мегирад, бас кун,— ҳоли вазнини Меҳрубон, бемории вай аз хаёлаш баромада буд,— дам ист «додо» нагӯӣ!— ба сари ӯ мушт бардошт, таҳдид кард.
— Хоҳар, ҳамаш айби худат будааст, занаки беандеша, дарундор будаӣ,— ҳамшираи шафқат Сабзагул — ҳамон зани миёнсоли чашму абрусиёҳ, ки болои сари Меҳрубон нишаста буд, вайро сарзаниш кард.
— Шумо намедонед, хола вай маро азоб дод, сӯзонд, хокистар шудам.
— Фаҳмидам, шавҳарат дина як олам алам кард. Гуфт, ки очаи Меҳрубон ҷоҳил, бадрашк, тез, бо вай зиндагӣ карда намешавад. Рост мегуфтааст, қиёмат андохтӣ, бачаи касалатро мезанӣ... Аз рашк, аз ҷаҳл...— ҳамшираи шафқат сокит шуд. Пас аз хеле сукунат боз ба гап даромад:— Ғами худатро не, ғами бачаҳоятро хӯр, бепадар, дарбадар, бадбахт мешаванд онҳо.
Ҳозир ҳам фурсат ҳаст, аз думи шавҳарат шав. Бо кӯдакҳоят дар ҳеҷ ҷо рӯзбар намешавӣ. Куҷое равӣ, баҳтат лаби намад, обат лой, рӯзат сиёҳ, азоб мебинӣ, хунҷигар мешавӣ... Ҳоли зани сагерадорро худам медонам, аз сарам гузашт, осон нест...
— Боре,— ҳикоят намуд ҳамшираи шафқат ба ӯ,— шавҳари ман ҳам ҳамин хел як номаъқулӣ карда буд: думи як занака гирифта аз хона баромада рафт. Чанд вақт бо ҳам зиндагӣ карданд. Шишта-шишта аламам омад. Ина бинед-а, ин занаки касофат шавҳари мана соҳиб шуд-а? Ман бошам, ҳапу дам, оби дидаам дар параи рӯям, бачаҳоям сагера, «додо» мегӯянд, пӯстини ҷангӣамро чаппа пӯшидам. Як дангали дароз ҳам ёфтам, роҳӣ хонаи бева ҳам медонистам. Росту дуруст омадани корро бинед, ки додои бачаҳоям дар бурҷи хонаи вай шишта будааст, ҳар дуяшон боҳам. Девона-гиҳоям кӯзға кард. Аз дари хона даромада чӣ кор карданамро надонистам. Дару тирезаҳояшро шикастам, чевонҳо, оина, косаю табақҳоро пора-пора кардам. Ҳам вай бева, ҳам шавҳарам пеш омада натавонистанд. Аз тарс ҳар дуяшон ҳам мурда монда буданд.
— Ҳе, канӣ пеш даро,— додои бачаҳоямро дангал-шап кардам.
— Куҷо?
— Хона, пеш даро... гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё