Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Дастатро гир, — Нозимиро тела дод Шаҳноз, — барои ту фарзандат азиз, бачаатро дӯст дор, аз пай беваат шав, маро ба ҳолам мон, рав, башараатро нишон нате, рав,... — гуфта дарро ба рӯи Нозимӣ сахт зада ба хонаи дигар рафт Шаҳноз.
Нозимӣ танҳою ҳайрон монд, хона ба сараш чарх гашт. Шишаи арақро аз рафи ҷевон гирифт. Дар лаҳзаҳои хурсандиву душворӣ, рӯзи сахташ ӯ арақ менӯшад, то аз худ бехабар шуда аз пой афтоданаш менӯшад... Ҳамроҳи Шафии шайтон менӯшид... Маҷлиси онрӯза, бемории Меҳрубон, таънаҳои Шаҳноз, дарро ба рӯяш сахт задани ӯ, рафтани вай... Ҳамаи ин сабабҳоеанд, ки бояд бинӯшад, ҷонашро ҳамин чизи талху тез дар ин мавридҳо даст мегирад, фаромӯш мекунад, дунёро, ҳамаи пастию баландиҳо, одамонро. Газак ҳам набуд, бехӯриш... Ғазаби ҳамаро аз арақ гирифт, нӯшида-нӯшида аз болои диван ба рӯи фарш ғелид, ба мисли рӯзи аз Мушарраф ҷудо шуда, фарзандонашро гузошта баромадан... Ин дафъа дар хонаи Шаҳнози бераҳму сангдил ҳамон тавр бисёр нӯшид... Он рӯз касофати Шафий «ташкил» намуда буд, ин дафъа худаш танҳо...
— Наравед, додо, ман шуморо нағз мебинам, наравед... — Меҳрубон мехост, ки падараш аз сари болини ӯ нахезад.
— Меоям, бачам, пагоҳӣ қатӣ меоям, нони гарм, маска, қаймоқ мебиёрам, баъд бачам, ба ту велосипед меҳарам... — Нозимӣ ваъдаи бисёре дода аз пешонаи Меҳрубон бӯсиду аз наздаш баромад...
Аммо ҳоло офтоб ба паси бинои беморхона тоб хӯрда рӯз бегоҳ мешуду аз падари Меҳрубон дарак не.
— Оча, додом кай меоянд? Телефон кунед, гӯед, оянд. — Меҳрубон бо умед ба роҳи падар дида баста буд.
Мушарраф медонист, ки Нозимӣ имрӯз ба кор наомадааст. Шафий ба ӯ хабар дод. Аз афташ, шаб то саҳар нахуфта бо Шаҳноз бардорузан карда, мондаю шалпар шудааст, Шафий ҳамин хел шӯхӣ кард, шӯхӣ не, рост. Шаҳу арӯси нав, худо занадашон, номурод шаванд. Оташинтар шуд.
— Ғинг-ғинг накун, бачам, дар назарам намефорӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё