ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

танзим мекунад ва ин тавозуни беҳтарин аст, ки эҳтимолияти ботил нанамудани умурро таъмин месозад.
Худ огаҳем, ки тоъуни соли 2019, ки талхияти Куруно чӣ қадар сархӯру беътимод буд ва дар он вақт навиду ахбор, маҳз аз аҳодиси набавӣ ҳам намуда будем, ки мусалмон набояд ба балади тоъунзада азми сафар кунад ва ё аз он марзе, ки тоъунзада буд, худ набарояд ва акнун, чун мебинед, дар ин ҳадис, аслияти як қонуни зебо оварда шудааст.
Яъне, мусалмон набояд шахси беморро назди фарди дигари солим бо худ ба меҳмонӣ, мисол, бурда бошад, то ки эҳтимолияти гузариши мариз ба шахси дигар мавҷуд набошад.
Албатта, ин ҷо бояд қайд кард, ки ин ҳадис асоси кории табибонро ба ҳич ваҷҳ, набастааст, чунки ин вазифаи табиб аст, ки беморро муолиҷа намояд, вале гирифта аз ҳамин ҳадис, хулоса ин аст, ки аввал, бояд табибро назди бемор даъват кард ва пас, барои муъолиҷаи стасионарӣ, беморро ба бемористон бурд.
Дигар он аст, ки бемор худ шахси ғамзадаву музтарибу бечораҳолу хароб аст, ки бар замми ин ҳама нохушиҳояш, ӯро азият дода, ҷои дигар бурдан ва ҳоли бе ин ҳам вазнини ӯро боз ҳам вазнинтар намудан гуноҳ аст ва аз чунин “меҳрубонӣ” дур бояд истод!
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили васли рӯзаҳо.
Ранги испедро кунӣ хулт бо сияҳ,
Хира гардад ранги об чу рӯйи маҳ.
Рангҳоро гар кунанд кашф з-он ду ранг,
Ақлҳоро мекунад тасвир гаранг.
Тасвирҳо мешаванд зебову боб,
Лек Худо донад зи сирраш ҳар савоб!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло тувасилу... ”, яъне, дӯстам, “... рӯзаҳоро бо якдигар васл накунед...”, яъне,
бидуни ифтору хӯрдани чизе, ду рӯз пушти сари ҳам рӯза нагиред.
Чи қадар соддаву олист ва меҳрубонона, ки Худованд аслан бар бандагонаш, чун фармуда “... раъуфун би-л-ъибод” аст, чаро ки аввал рӯзиву ифтори имруза аст ва он нақду каффоф буда, инсонро аз харобӣ нигаҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё