ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Пас, мо ҳама бародару хоҳаронем, азиз барои якдигар ва иҳтиромбош. Аз нуқтаи назари генеологӣ ҳам, чун фарзандони Одаму Ҳавоем, пас, дубора мо бародару хоҳарони гиромием барои якдигар ва моро машояд аз ҳамдигар дилгир бошему қаҳрӣ!
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили тарзи хониши Қуръони карим.
Беҳтарин қисса аз он арбоби дин,
Қиссаи Мавлост з-азону боди кин.
К-ин бубин, ай дӯст, асар аз он азон,
К-он муаззин хонда буд бар аҳли дон.
Духтари ошиқ бар Ислом чун шунид,
Дил зи мову пас, зи дин, охир, бурид.
Чун садо омад ба гӯшаш, дил бимонд,
Аз дину з-Ислому шарт, ақлаш биронд.
Гӯшхарош буд, пардаи гӯшаш дарид,
Иштиёқ бар дини мо шуд нопадид.
“Гар чунин аст...” – гуфт ӯ, “... даъват ба дин
Дил мабандам, ай Худо, ман бар чунин!”
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лайса минно ман лам йатағанно бил-Қуръони”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас Қуръонро бо садои хуш нахонад, аз мо нест”.
Бале, дӯстам, аввалан, хонанда Қуръонро ба тарзи дар Қуръон муайян шуда, яъне тартил “... ва раттили-л-Қуръона тартилан” (Қуръон), яъне, бе ғалату равон бояд хонад.
Сониян, қорӣ, яъне, хонанда, бояд онро бо услуби қоидавӣ, яъне, Таҷвид хонад,
ки он ҳам, “фарзу-л-ъайни ликулли ман йақраъу-л-Қуръон” (Ҳадис), яъне,
фарзи ҳатмӣ дар вақити хондани Қуръон муайян шудааст, бихонад.
Солисан, чун “... инно анкара-л-асвоти ла-савтун ал-ҳамир” (Қуръон), яъне, мункиртарин ва манфуртарин, гӯшхароштарину безебтарин овоз, овози “хар” аст, пас, хондани он, бо овози фораму дилкаш низ фарзу суннат гаштааст.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё