Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рав, бихон Оёти “ъуср”-у “йуср”-у, гӯй,
Аввал “ъуср” аст ё ки “йуср”, ай маъниҷӯй?
То набошад мушкилӣ, осонӣ нест,
Гар набошад ҳич бадӣ, эҳсонӣ нест!
Ман сухан кӯтаҳ кунам, чун он Мазид,
Маъниҳо дорад, ки аз мо бас баъид.
Сирри он донад Худову маҳз Ӯ,
Ё ту донӣ, зам куну бар мо бигӯ.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
мо анзала-л-лоҳа доъан илло анзала лаҳу шифоъан”, яъне, дӯстам, “...
Худованд ҳич бемориеро наёфарида, магар ин ки давои онро низ офаридааст”.

Бале, дӯстам, мушкилӣ аввал ояд, пас, чораи он, дард пештару баъд, илоҷи муъолиҷаи ону доруву давояш, ҳол он ки, агар хубтар назаре бар он афканем, пас, маълум мешавад, ки пеш аз он Худованд чораи онро офарида будааст.

Пас, мо набояд маъюс шавем ва бӯйи уммедро аз раҳмати беандозаи Худованд канда бошем, ки он Холиқи беҳамто “... ҳува йашфин” (Қуръон) аст, яъне “шифобахшанда” ва худ мефармояд “... ва ло тақнату мин раҳматиллоҳ!”, яъне, аз раҳмати Худованд ноумед мабошеду “... удъунӣ, астаҷиб лакум”, яъне, бипурсед аз ман, то мустаҷоб гардонам дархости шуморо.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили хислати нуронии Паёмбари акрам, Муҳаммад (с.а.в.).

Нур падид гашт дар уфуқи Арши тоқ,
Гашт зоҳир хатти зебо дар равоқ.
В-ин қалам бинвишт амри Кирдугор,
Номи “Аҳмад” дар равони он нигор.
Ҳамчунин зебо буд он номи зайл,
Бинамуда чашмҳо чорсӯ баҳри сайл.
Майли он нур кард атрофро гаранг,
К-ин зи пеш нодида буданд ҳич ранг.
Гӯиё шарораҳо мебориданд,
Бар саре чун тоҷро мемониданд.
Мисли тоҷ буд, рӯшане дар рӯзи тор,
Он ки бинмуд роҳро рӯшан зи ғор.
Он ки мавъуд шуд дар он рӯзи сахт,
Ҳамчунин, мавъуд гашт бо тоҷу тахт.
Қисса кӯтаҳ, нури Аҳмад шуд равон, Карда рӯшан коинотро он замон.

пешина
аз 131
навбатӣ