ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Гарчи бошад чашми сар, аммо зи ҳол,
Бо ту гӯяд сад сухан ӯ ҳамчу зол.
В-ин каме хостам бигӯям, з-он басе
Дар радифи гуфтаҳо, бин, з-ин пасе.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лайса минно ман лам йатағанно би-л-Қуръони”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас Қуръонро ба садои хуш нахонад, аз мо нест”.
Бале, дӯстам, агар қорие бо савти гӯшхарош қироъат намояду он боиси нороҳатии касе гардад, пас, ҷои савоб, ӯ гунаҳкор мешавад ва чун Муҳаммад (с.а.в.) фармуд, ӯ ҳатто аз уммати Муҳаммад (с.а.в.) маҳсуб низ нест.
Ва ин кор на танҳо дар қироъати Қуръон аст, балки дар ҳар он кори “неке”, ки мо мекунему он боиси малоли дигарон гардад. Пас, аз он кор бояд даст бикашем.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили анвоъи садақа (некӣ).
Ай, ки мехонӣ ту ин, садқат шавам!
Хоки пову чораи васлат шавам!
Он, ки мехоҳӣ савобат ҷорӣ бод,
В-он, ки мехоҳӣ ту некат корӣ бод.
Ҳар амал, к-орад нафъу бори суд,
Он бувад некиву аз анвоъи ҷуд.
З-он бувад ҳосил савоб аз кори ту,
В-он бувад моил ба ҳифзи ҷони ту.
Шоҳиде гардад туро дар рӯзи танг,
Малбисе гардад туро дар рӯзи нанг.
Ҳоҷибе гардӣ зи дасти саҳби нор,
Роғибе гардӣ ба сӯйи нур зи тор.
Гардӣ эмин аз расиши оташин,
Гардӣ масрурвасл бо аҳли яқин.
Ман сухан кӯтаҳ кунам, ин ҷову бин,
Ончи фармуд Мустафо бар аҳли дин:
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
мо мин муслимин йағрису ғарсан ав йазраъу заръан файъкулу минҳу тайрун ав инсонун ав баҳиматун илло кона лаҳу садақатун” яъне, дӯстам, “...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё