Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ай сомеъ, дар чиниши ризқи худ,
Оқил бош, мисли он зағ, на ъануд.
Гар шавӣ бетоқат, ақл аз куҷо
Метавонад раҳ ниҳад аз ҳар ҷазо?
Мутмаин бош, т-он Худо ёрат шавад,
Оқибат ҳар меҳнатат роҳат шавад.
Гар бихоҳӣ то Худо ояд ба пеш,
Як қадам сӯяш бинеҳ, ай мард, беш.
Ӯ самад аст! Эҳтиёҷ дар мо нест,
Мустаманд дар назди вай, пас гӯй, кист?
Махлуқи он Холиқем, на акси кор,
Эҳтиёҷ дар мосту бар Ӯ, мо – зор!
З-ин сабаб, ӯро “... усҷуд... в-ақтариб!”
То шавад ормони дилҳо мустаҷиб.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман аҳабба лиқоа-л-лоҳа аҳабба-л-лоҳу лиқоаҳу”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас, мулоқоти Худоро дӯст дошта бошад, Худованд ҳам мулоқоти ӯро дӯст дорад”.

Бале, чунин ҳам ҳаст. Аксари мардум дар орзуи дидани лиқои (симо, рӯй) мубораки Худованди кариманд, ки агар на дар тӯли ҳаёт имкон шуд, ақаллан, дар рӯзи Қиёмат, онро мунтазиранд, чун медонанд, ки аз рӯи ҳадиси набавии дигар, на ҳама, балки зумрае аз муъминони хушбахт метавонанд ба ин насиб мушарраф гарданд.

Кунун, зи ин ҳадиси дигар бармеояд, ки дидани лиқои Худованди аззаву ҷал,
шурут низ дорад, ва яке аз ин шартҳо, “... агар мулоқоти Худоро дӯст дошта
бошад, пас...”

Яъне, ба ҳар ҳол, қадами аввалинро бояд бандааш гузорад; на интизори он бошад, ки Худованди самад (бениёз, ғайри эҳтиёҷ) қадамро аввал гузораду бандааш, баъд.

Ин гуна шартҳо дар Қуръони карим, дар баъзе Оёти карима, нисбат ба дигар корҳо, низ дарҷ шудааст. Мисол, дар Ояте омада: “... ва авфу би-ъаҳдӣ, уфӣ биъаҳдикум” (Сураи “Бақара”, яъне, “... ва вафо намоед ба аҳди (додаатон ба) ман, то ман вафо карда бошам ба аҳди (додаи худ ба) шумоён”) ва ҳоказо.

З-ин шарт, агар шумо, дӯстам, дӯстдори мулоқот бо Худованди ъазиму-ш-шаън бошед, пас, ҳаракат кунед, рафтору гуфтору пиндори дуруст намоед, ниятро холис кунед, ки ин ҳама қадамҳои нахустини шумо ба сӯи дидори Худованд аст.
Ин ҳамааш аз шумо вобаста аст!

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

пешина
аз 131
навбатӣ