Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Меҳри ӯ аз меҳри ман камтар мадон,
Раҳми ӯ аз раҳми ман бештар, бидон!
Ҳар сухан гӯям зи қалбаш, ай киё,
Ин бувад ногуфта сирру кимиё.
То тапад дил андаруни қалби ӯ,
Ӯ туро гӯяд ва ҷӯяд, ай аду!
Беҳтар аз ӯ ман наёфардам малак,
Бин, ба мислаш ҳаст зери ин фалак?!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман тарака молан, фа-ли-варасатиҳӣ”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас (бимираду) молеро ба ҷо бигузорад, аз они варасааш аст”.

Оҳ, чи қадар зебо фармуда Паёмбари акрам (с.а.в.)!

Гӯш бияндозед, хубтар, ки сухан оид ба вараса, яъне, вориса, яъне, зан рафта истодааст. Ин қадар мақоми ҳуқуқии зан дар Ислом ва шаръи он баланд, ки аввал ӯ - зан меистад! Магар ин нест навиде аз мароми баланди адолати ҳуқуқии ӯ? Магар ин нест ҳолати баланди иҷтимоъияти зан дар Ислом?

Бале, дӯстам, чун Паёмбар (с.а.в.) борҳо фармуда: аввал модар, пас, модар, пас, модар ва пас, падар аст! Оё ин нест авлогии модар дар нардбони муносибати оилавӣ?

Баъдан, ворисаи моле шудан, - ин соҳибият аст ва оё ин нест, ки Худованд дар Ояти қуръонӣ фармуда: “... ва соҳибатиҳӣ”, яъне, маҳз занро – “соҳиба” гуфт? Ва оё ин нест, падидае аз вазъи баланди иқтисодии зан?

Пас, бидон, дӯстам, ки дар ҳақиқат, мақому мароми зан-модар дар Ислому дар китоби осмонӣ (Қуръон) ва Шариъати исломӣ болотар аст, ки ин ҳама исботи беназирии аҳамияти зан дар ҷомеъаву оила аст!

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили адолати исломӣ дар истифодаи силоҳ.

Чун Паёмбар рафт бурун аз анҷуман,
Ду саре дид дар ҷидолу тан ба тан.
Ин яке мушт мезаду дигар фиғон
Мебаровард дард кашида, аз даҳон.
Вазъият чун гашт акси ҳоли ӯ,
Низ мезад мушт рақибро он аду.
Ғелиданд дар хоку хуншон ғозиён, Бар сару рӯву шикам карданд зиён.

пешина
аз 131
навбатӣ