ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Пас, касе ҳақ надорад, ки аҳдномаи бастаи худро вайрон кунад ва ё агар тавсия ба навҳабардорӣ дода бошад, пас, ҳатман кори ғалат кард ва гунаҳкор мешавад.
В-агар надода бошаду аҳли байташ ин корро барояшон лоиқ дониста бошанд, пас ин айби ӯ нест; онҳо гунаҳкор мешаванд.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
- Оид ба масоили ҷустани шуҳрат, ки манбаъаш риёву нияти нопок аст.
Ҳаст риёву тақлиду “хоҷам, бибин...”
Гар шавад пешонӣ муҳр аз қасди кин.
Аз ғараз пур гар бувад ин дил, бидон,
Бар қади саҷҷода ҳич гоҳ сар намон.
Дар мақом, саҷда бувад болост, зи ин
Нест мақом болотару в-он беҳтарин.
Чун бувад беҳтар саҷда дар фаъил,
Ҳамзабон бояд ки бошад ӯву дил.
Гар набошад як забони дил ва сар,
З-инчунин, пас, “ҳамзабонӣ” кун ҳазар.
Аз чунин як иттифоқ ояд хато,
Дар дигарфаҳмиву коре бо Худо.
Васл гардад кандаву тороҷу пуд,
З-инчунин “васлияте” суде чӣ буд?!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман саммаъо, саммаъа-л-лоҳу биҳӣ”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас ба дунболи шуҳрат бошад, Худованд нияташро (дар Қиёмат) ошкор хоҳад сохт”.
Бале, чунин ҳам ҳаст, дӯстам, ки чизе нест, ки хуфиву эълом аз Худованд бошад, чун ӯ, “... хабирун басир” аст, яъне, бохабару бино ва биноии ӯ, на тавассути “чашмони сар”, балки тавассути “басорат”-и ақливу даракоти беандоза, ки банда дар он оҷиз аст, анҷом меёбад.
Дигар чизе, ки ин ҷо мавъуд шуда, ин оид ба масоили ният аст, ки ҳамоно, чун Паёмбари акрам (с.а.в.) боре фармуда “... ва-л-ъамалу би-н-нийат...”, яъне, ҳама гуна амалиёти содиршаванда баровардаи нияти мост, ки шуданияш ҳатмист. Ва аз ин лиҳоз, ният бояд ки аввал пок, беғараз, созанда ва дигар румузи мусбат бояд ки дошта бошад. Варна баъди шудани кор, газидани ангушти ҳайрат, чӣ фоидае дорад?
Барчида аз тобишҳои дигари ин ҳадиси мундариҷ ва муфассал, шахсе, ки кореро
танҳо барои дарёфти “шуҳрат” карда бошад, пас, имрӯз, гар он ноаёну ногуфта бимонад, пас, дар Рӯзи маҳшар, ҳамоно назди ҳамагон фош хоҳад гашт, ки ҷоизи таҳсин нест, балки аз амали риёву набудани савоб дар он, ҳикоят мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё