Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нӯҳ сару ҳаждаҳ уюн хокро диданд.
Чун биомад навбати шогирди даҳ,
Ӯ чунин гуфт, дида инро, назди шаҳ:
“Муждаест дар хоби ту, ай Шоҳи ман!
Кош, ҳамебуд мисли ин дар роҳи ман?!
Он Худо неъмат ато кард, то ба сад,
Ту дароӣ, гашта эмин аз ҳасад.
Ҳеҷ мабошад манъи ин кор чун Худо,
Ҳифз кунад аз чашми бад танҳо туро.
Умри ту тӯлонӣ гашт; Солҳо бизӣ!
Зинда бош, хурсанд бигард! Аз кам тиҳӣ!”
Ин шунида, шоҳ ба тахташ боз нишаст,
Шуда хурсанд ҷаҳли худро, пас, шикаст.
Он мудаббир ҷони худ, дода наҷот,
Зуд гурехт аз қасри шоҳу он работ.
Баъди он ӯро касе дар мулки ӯ,
На диду на нашниду шуд рӯ ба рӯ.
Ту кунун, гӯ, дӯсти ман, кӣ “ҷоҳил” аст?
Кӣ “шаҳ”-у дар кори нозук оқил аст?
Ин бувад маънии он пешмисраҳо,
В-он бувад он пешниҳоду он баҳо.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна мин ал-баёни ла-сиҳран”, яъне, дӯстам, “... ҳамоно баъзе аз суханон,
сеҳранд”. Ва чунин ҳам ҳаст, дӯстам.

Бин, ки дар Сураи “Ар-раҳмон”, Худованд чӣ фармуда: “... ва ъалламаҳу албаён”, яъне, маҳз инсонро Худованд тарзу услуби дурусти баёнро омӯзонидааст.

Албатта, дар ин радиф аз рӯи адолат аст оид ба васоити баёнот байни ҳайвоноту ҳатто, наботот гуфта бошем, ки онҳо низ ба худ хос ин тарзро соҳибанд, вале услуби баёноти инсонро, Худованд куллан ва тадриҷан мукаммал сохтааст.

Мисол, тавассути қалам, ки худ як ҷоизаи бузург аст барои инсону аз калимоти савганд дар Ояти қуръон ва ҳамоно он ашё, ки мояи савганди Худованд гаштааст, - худ сеҳр асту муъҷиза ва аз асбоби таҳнияту сипос ба даргоҳи Соҳиби қалам. Ё дидаӣ, ки ягон махлуқи дигар дар даст қалам ва дар дафтар аз рӯи қавоиди муайян, чизеро баён намудааст?

Дигар он, ки тароизи баёнот, ки мисол, назм аст, яъне дар чаҳорчӯбаи муайяни қавонину қавоиди арӯзу қофияву вазн ва оё дидаӣ ягон ҳайвонеро, ки шеъре навиштаасту байни ҳамҷинсонаш қироъат мекунад ва ё дар бахши “байтбарак” қувва озмуда?

пешина
аз 131
навбатӣ