Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ийёкум ва-з-занна фаинна аз-занна акзабу ал-ҳадиси”, яъне, дӯстам, “... аз гумони бад иҷтиноб кунед, зеро гумони бад, бадтарин дурӯғ аст”, ва ҳамчунин ҳам ҳаст, дӯстам.

Як одати хело хуби инсонист, ки на ҳама онро доранд, вале бархе аз одамон, аввал, гумон мебаранд ва пас аз фаҳмидан, ки ғалат кардаанд, сарфи назар аз он ки шахси гумонбар аз кори (гумони) онҳо бехабар буд, наздаш омада, аз вай узр мепурсанд ва ин кори хело хуб аст ва аз нишонаҳои боинсофу адолатпарвар, ва боимон будани инсон аст.

Умуман, баргирифта аз Оёти қуръонӣ, муайян аст, ки гумонбарӣ, мисли он ки шахсе мегӯяду вале, намекунад, “... кабура мақтан ъинда-л-лоҳи”, яъне, аз амалҳои нописанд дар назди Худованди мутаъол маҳсуб аст ва аз ин лиҳоз, он дар Шариъати исломӣ макруҳ дониста мешавад ва манъ аст.

Зимнан, гумонбарӣ, мисол чун дар Ояти дигар омада, “... инна аз-занна ан лан йаҳура”, яъне, аз нишонаҳои одамони бадахлоқу такаббур аст, ки ҳамеша дар ақидаи онанд, ки ҳар чизеро ки онҳо карданд, Худованд онро ё намебинад ва ё онро дар ҳисобу китоб истифода намебарад ва ҳоказо, ки ин ақида мутлақо нодуруст асту гуноҳ.

Гумон бурдан, чун ин кор беасосу бедалел аст ва шоҳиде ҷуз Худованд надорад, ба мисли он аст, ки шахсеро нодидаву ноқапида, дар дуздӣ муттаҳам карданист, ҳол он ки Шариъати исломӣ дар ин ҷода қавоиди қотеъ дорад, ки то чашм надидаасту аз даст ноқапида, “дузд” дузд несту ӯро маҳкум намудан гуноҳ аст.

Ва бибин, дӯстам, ки Паёмбари акрам (с.а.в.) гумонро бо чӣ қиёс мекунаду ҳамвазн? – Бале, ҳамвазни сухани дурӯғ асту дар қиёс, - олист, яъне “дурӯғтарин”, ки аз он болотар, дигар дурӯғе нест, яъне, дурӯғи олитарин будааст.

Пас, дӯстам, аз гумон бурдан бояд он ки иҷтиноб кунем, яъне, парҳез намоем, ки он дурӯғи олитарину аз гуноҳи бузург маҳсуб аст.

……….

  1. Оид ба масоили гувоҳӣ додан ба нек будани маййит (мурда) ва савобу натиҷаи он.

Дӯсти ман, бингар, чӣ гуфт ин Мустафо,
Нисбати маййиту чор кас дар қазо?!
Гарчи гӯянд аз ақибаш ҳарфи хайр,
Сӯи Ҷаннат мекунад масруру сайр.
Ин чӣ буд аз меҳрабонӣ аз Амин?
Бал, ки бошад ин з-умури беҳтарин.

пешина
аз 131
навбатӣ