Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мутаваҷҷеҳ шудӣ, дӯстам, ки сухан дар бораи чист ва чӣ маъниҳо дар он маҳфуз?

Бале, бархе аз уламо дар ақидаанд, ки ҳар посухе, ки сомеъи азон медиҳад, мисол, баъд аз хондани “Аллоҳу акбар!” аз ҷониби муаззин, мустаҳаб аст, ки “Ҷалла ҷалолуҳу!” бигӯяд ва ҳоказо, ин ҳамоно салот аст ва ин ҳам ақидаи дуруст аст, чунки салот (намоз) аз анвоъи зикр аст ва бо ингуна ҷавобҳо намози кифоя ба ҷо оварда мешавад.

Бархе дигар аз уламо дар ақидаанд, ки дуъое (“Оллоҳумма раббӣ ҳозиҳи-тдаъвата...”), ки баъд аз азон хонда мешавад, ин он салот аст ва ин ҳам дуруст аст, дӯстам, чунки дуъо низ аз анвоъи зикру аз асбоби салот аст, вале...

Вале,тобишҳои дигаре дар тафсиру тавзеҳоти ин ҳадиси олӣ низ мавҷуданд, ки ҳақ ба мавҷуд буданашон аз эҳтимол дур нест ва яке аз чунин омилҳову бурҳони қотеъ, ин оид ба “вақт – ҳамчу имконият ва аз зумраи арзишоти бебаҳо будани он аст”.

Шубҳае надорам, дӯстам, ки шоҳидӣ ва ё худ аз зумраи мусаллинӣ ва медонӣ,
ки чӣ қадар кӯтоҳ аст фосила байни азон ва иқома? Ҳамагӣ чанд сонияе! Вале,
чӣ фурсатҳо дар он сонияҳо маҳфузанд!

Яъне, дар мазмуну вазн мисли он аст, ки инсон ҳамагӣ чанд сол умр диду он кӯтаҳ буд, вале, пур аз аъмоли нек, боварии комил, нигоҳи дуруст, пурбаракот ва ҳоказо, ки акси он дигаре, ки умри тӯлонӣ диду мустағно ва мутакаббирона, ва дар фасоду фисқ ва ҳоказо, вале тиҳӣ аз он лаҳазоту лаззати ошиқонаи худоӣ буд.

Дигар он аст, ки сухан оид ба қадр намудани вақт аст, ки гарчанде кӯтаҳ ва ё дароз бошад ҳам, он қимати бебаҳо дораду имконияти хубест барои ислоҳ шудану аз роҳи бад боз гаштан ба роҳи мустақим аст.

Бибин, дӯстам, ва муқоиса бикун: шахсе ғазабонӣ шуд ва сонияе лозим аст, ки вай ё оташи қаҳрашро хомӯш кунад ва ё даст бар гиребони дигар гираду бо ин ҳама кораш, як мушкилии худро ба даҳ машокили дигар мубаддал гардонад.
Ҳамагӣ чанд сонияе, вале, ё ин тараф мегардад ва ё он тараф меравад.

Ва ё бибин, ки чӣ мардум мегӯяд: вақти фавт хуб мешуд, ки мутаваффо калимаи шаҳодатро гардонида бошад. Ин ҷумла ҳамагӣ аз чор калима иборат асту се сонияе лозим аст, ки онро бигӯяд, вале оё вай он се сонияро дошта бошад?

Ин гуна мисолҳо зиёданд, вале ҳар сонияе, ки Худованд бароямон арзонӣ
намудааст, ҳамчу имконияти бебозгашт, ҳамчу неъмати бебаҳо бояд он ки қадр
кунему онро дар кори дуруст истифода намоем, дар роҳи Худо бошем, чунки
чун Паёмбари акрам (с.а.в.) дар дигар ҳадис гуфта: “... фосилаи марг хело

пешина
аз 131
навбатӣ