ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Бандаи Эзид бибошу аз Мазид
Ҷони худро бо дуъо кун зархарид.
Тавбаву зорӣ ба кор оянд, на ҳам
Дирҳаму динор ба кор оянд ба ҳам.
Тангае дар чашми мурда рӯзи сахт
Менатонад аз наҳор орад ба тахт.
Нест чунин ҷонвар, ки гирад пул зи ӯ
То тавонад бурда бошад сӯ ба сӯ.
Аҳмақисту сатри аввал ин бувад,
Ки тавонад бар иваз ӯ ҷон харад.
Молу амвол, он динору давлате
Кор наоянд, ҷуз ки хонанд лаънате.
Бандаи Холиқ бибош, ай дӯст, на пул,
Дӯстӣ кун бо ҷони худ, на ин ки зул.
Он, ки гашт дӯст бо Худо, ёбад зафар,
Дӯст будан бо Худо олист ҳунар!
Дӯст будан бандагист дар роҳи Ӯ,
Ин бувад чора, на пул, ай чораҷӯ!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
таъиса ъабду ад-динори ва ад-дирҳами”, яъне, дӯстам, “... бандаи динору дирҳам нобуд бувад!”.
Чӣ қадар олӣ гуфта, дӯстам, ки аслан, чун ишораи хитоб дар охир омада, дуъои бад нест, балки хитоби таъкидист.
Яъне, бо ин ҳама гуфтаҳо, Паёмбари акрам (с.а.в.) касеро таҳқир накардааст ва ё дуъои баде низ накардааст, балки хитобу таъкид мекунад, ки касе агар бандаи динору дирҳам гардад, ҳатман дар уқбо ба узубат дучор хоҳад гашт ва ҷонашро ба таҳлука андохта, аз даст бой хоҳад дод.
Ин ҳама маводу матоъи дунё, чун дар Ояти Қуръони карим омада, “... зийнатун фӣ ал-ҳаёти ад-дунё”-аст, дӯстам, яъне, зинати ин дунёсту бас ва дар рӯзи сахт, чун ӯ “... тарадда” мегардад, яъне, инсон афтода мегардад ва чорае аз дасти ӯ дигар намеояд, “... ло йуғнӣ молаҳу”, ин моли ҷамъовардаи вай ӯро кумаке карда наметавонад. Чӣ рӯзи сахт аст!
Аслан, динору дирҳаму ва он ҳама асъори дигар аз асбоби мубодилоти молу чиз аст ва аз ихтироъи замона мебошад ва ягон муносибате бо кори дини аслӣ, яъне, ташаккулу рушди руҳонии инсон ва тавосул ба Худовандаш надорад, чун Худованд дар ягон ҷое нагуфтааст, ки ин ҳама неъмати ато намудааш бар ивази пул дода мешаваду ва ё дар Рӯзи қиёмат аз авомили тиҷорати охират аст.
Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё