ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

- Оид ба масоили то чӣ андоза Ҷаннату Дӯзах ба инсон наздик аст?
Як қадам роҳ аст, - гуфт Бедил зи мо,
То ба хок яксон шавем аз ҷон ҷудо.
Ҷон равад аз мову тан бар зери хок,
Канда гардад риштаи мо, бин, зи чок.
Вақт чу сир аст, эҳтимол ояд ба кор,
Ё баранду ё бимонанд зери дор.
Ҳеҷ кас аз пеши худ вақтро надид,
Ё ки пайдост ону ё он нопадид.
З-ин сабаб, дори фано поянда нест,
Вақт чу масраф мешавад, оянда нест.
З-ин сабаб наздик бувад бар мо Биҳишт
Ҳам ки Дӯзах дур мабошад з-он сиришт.
Чун бувад наздик ҳар ду, беҳ ки мо
Он кунем, то ки бигардад Вай ризо.
На ки он, к-аз кардани он Рӯзи дин,
Шарм гирад аз кардаҳо, ай аҳли дин.
По малағжад сӯи Дӯзах, чун ки он
Низ бувад наздик ба мо, ай меҳрбон.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ал-Ҷаннату ақрабу ило аҳадикум мин широки наълиҳӣ ва ан-Нору мислу золика”, яъне, дӯстам, “... Биҳишту ҷаҳаннам аз банди кафшҳоятон ба шумо наздиктаранд”.
Чӣ олисту пур аз башорот ва огаҳонист суханони Паёмбари акрам (с.а.в.), ки ба инсон фосилаи умру фарорасии маргро ба меъёри чанд мисқол байни қошон фармуду бо ин гуфтааш, таъкид дорад, ки Ҷаннату Ҷаҳаннам низ наздиктаранд ба инсон аз банди кафшҳояш.
Яъне, чун Худованд фармуд: “... ақрабу мин ҳаблин варидин”, ки Худованди азза ва ҷалла, наздиктар аст ба мо аз шоҳрагонамон, пас, ӯ дар ҳар ҷост; дар мову бурун аз мо ва муҳит аст моро ва вақте набудааст, ки Худованд бандаашро аз хотир фаромӯш намуда ва тавалло карда, яъне, рӯяшро аз вай гардонида бошад.
Кунун, бояд инро тасаввур кард, ки инсон метавонад бо як кори ношоистаи худ ба Ҷаҳаннам роҳхат ёфта ва ё бо як кори шоистае, ба Ҷаннат ворид гардад ва ин ҳама осон аст, ва маҳз ана ҳамин “осонӣ”-ро бо ибораи “наздиктар аз банди кафшҳо” бояд муқоиса карду мувозин кард.
Дар ин дунё низ, бо як кори нодуруст, инсон метавонад барояш “дарди сарро” бихарад ва ё бо як кори дуруст аз он “дарди сар” эмин бимонад ва ин ҳам осон асту дар ихтиёри худи инсон будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё