ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷои ҷамъи як ба як мехонд “се”,
Ҷои танг кардан бихондаш ӯ “васеъ”.
Оқибат, хатм карда донишгоҳ ӯ,
Назди аббаш омад он як корҷӯ.
Аз чунин лек, “хонда” бозор рӯз ба рӯз,
Гашт касоду омад он тоҷир ба сӯз.
Чун бипурсид ҷамъу тарҳро аз кадом,
Ӯ китоб хонд? Гуфт ӯ: Аз ин калом!
Чун китобро рӯи миз овард, шинохт
Он китобро тоҷири бе бурду бохт.
Он ҳамон буд як китоб, бо макру фан,
Ки фурӯхт дар як замон бар аҳли фан.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ал-ҳалифу муноффиқатун ли-с-силъати мумҳиқатун ли-л-баракати”, яъне, дӯстам, “... савганди дурӯғ боиси фурӯши коло мешавад, вале хайру баракатро аз байн мебарад”.
Бале, савганд ёдкуниҳои бардурӯғ дар вақти фурӯши мол, албатта, гармии бозорро баланд мекунад ва имконияти фурӯхтани моле, ки аслан арзише надорад, зиёду қимат низ мекунад, вале оё чунин як тиҷорат суде дорад ва ё рабҳатест, ки аз нишонаҳои худфиребист?
Суди молӣ дорад, - мегӯянд баъзе ва он ҳам, агар бодиқат аҳамият диҳед, чун мардум мефармояд “... чӣ тавре, ки ба даст омад, ҳамон тавр аз даст меравад”, яъне, он низ суди муваққатӣ доштаасту бас, ки масрурияти инсонро дар тавозуни вақти маҳдуд вазн хоҳад дод, вале хеле зуд камвазн низ хоҳад гашт, ки халтаи савоб аз он рост наистад.
Вале он суд ва ё мояи охират аз аввал маҳсуб нест, чунки фиребу найранг – аз нишонаҳои мунофиқ будани инсон аст, ки нисбати ҳолашон ким-кайҳо “вой” хонда шудааст, чунки дар вақти ин “гармӣ”, инсон на танҳо дурӯғ мегӯяд, балки ваъдаҳои дурӯғ низ медиҳаду билохира бар амонати шахси дигар хиёнат мекунад, ки саросар аз аҳкоми шинохта шудани ашхоси мунофиқ маҳсуб аст.
Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили доштани ҳаё.
Ҳар киро бошад ҳаё, дорад, бин,
Ӯ имону мазҳабу ё нақши дин.
Гар ҳаё бо ӯст, тақво мекунад, Шарру хайрро тафриқу во мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё