ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Суфта гардад хотирот аз ёди ту,
З-ин тиҷорат, пас, чӣ суд аз мову ту?!
Суфта гардад номаи аъмол зи он,
Пас, чӣ монад мондагор аз кори ҷон?
Ташвише андар паяш н-аз кори туст,
Он Худованд асту Ӯ тадбир ҷуст!
Дар раҳи Ҳақ кор бигир аз ҳимматат,
Ин Худост, к-ӯ пас зиёд кард неъматат.
Гар шавад хушнуд зи корат он Раҳим,
Боз диҳад инъому неъмат аз наъим.
Ту дили мазлуму муҳтоҷ ҷустуҷӯ
Кун, чу гардӣ бас азиз дар назди Ӯ.
Ҳеҷ талаб андар иваз н-овар ба лаб,
Дар таваккул шуғл биварз дар назди Раб.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
хайру ас-садақати мо кона ъан заҳри ғинан”.
Яъне, дӯстам, “... садақаи нек он аст, ки онро аз рӯи бениёзӣ диҳад”, яъне, агар ки садақадиҳанда садақаашро аз таҳти дил ва бе ягон ғараз ва миннат, ва азо дода бошаду аз садақагиранда ягон чизеро бар ивази он мунтазир набошад.
Бале, дӯстам, баъзан чун назарҳо дӯхта бар он аъмоли “хайр”-е аз бархе мегарданд ва дар сари таҳлили ин барнома қоил мегардӣ, ягон коре нест, ки бе ғараз бошад ва ҳар кас чизеро барои хотири чизе мекунад ва ё чизеро манзур дораду мунтазир аст.
Худованди карим дар Ояте фармуда: “... иннамо нутъимукум ли-ваҷҳи-л-лоҳи ло нуриду минкум ҷазоан ва ло шукуран”, яъне, писанданд назди Худованд он бандагоне, ки бе ғараз ва танҳо барои хотири хушнудии Худовандашон касеро таъом медиҳанду дар ивази он, на мукофот ва на сипосеро интизоранд.
Чӣ қадар зебо фармуда Худованди карим!
Яъне, ҳам аз ин Ояте ва ҳам аз мазмуни он ҳадиси ҷамила барчида, муайян аст, ки кореро бояд ба итмом расонид, ки дар роҳи Худованди карим бошад, аз рӯи меъёру таъкидоти шариъатӣ, аз рӯи одоб бошад, баҳри хушнудии Худованд ва барои дарёфти дили мазлум ва хушнуд намудани вай ва ҳоказо ва ин кор бе ғараз ва бе ҷаҳди пасин аз изо додани шахс бошад ва аз миннат холӣ бошад, вагарна кори хайр, ба мисли навиштае аз савоб дар рӯи кулӯх аст, ки “... фаасобаҳу вобилун, фа-таракаҳу салдан” (Ояти қуръонӣ), яъне, бо фуруд омадани борон аз рӯи санг суфтаву шорида ба поён ояд ва ягон хотираи неке аз он намонад.
Худованд, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё