ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Яъне, “Банда метавонад сухани маъқулеро, ки писанди Худованди
таъолост, гуфта бошад, ки худ ба гуфтааш аҳамият намедиҳад, вале
Худованд мартабаи ӯро (барои ин суханҳояш) ба дараҷа баланд бикунад. Ва
банда метавонад сухани номаъқулеро, ки писанди Худованди мутаъол
несту ғазаби ӯро меорад, гуфта бошад, ки худ ба гуфтааш аҳамият
намедиҳад, вале Худованд ӯро (барои ин суханҳояш) ба Дӯзах медарорад.”
Аз ин ҷост, дӯстам, ки банда ҳамчу инсон, чун заъиф офарида шудааст, “...
фаалҳамаҳо фуҷураҳо ва тақвоҳо” (Сураи “Шамс”), яъне, ҷони ӯ ва маҳораташро бо содир намудани гуноҳ ва парҳез намудан аз он, илҳом бахшидаанд.
Аз ин лиҳоз, инсон метавонад, мисол чун дар он ҳадис оварда шудааст, худаш ба он аҳамият надода, сухане гӯяд, ки писанди Худованди карим асту “китобист” ва нек ва барои ин суханҳояш Худованд ӯро подоши нек ва мартабаҳои баландро насиб мегардонад. Вале, чун инсон сухани номаъқул, бад, гӯшу ҷонхарош, таҳқиру масхараомез ва ҳоказоро гӯяд, он албатта, писанди Худованди карим нест ва барои ин суханҳояш Худованд ӯро “... рададнаҳу асфало софилин” (Сураи “Тин”), яъне, ба фурӯмоятарин шахс дар ин дунёву дар он, ба Ҷаҳаннам муқаррар намояд.
Пас, чун сухани мо дар бораи на таркибу тартиби сухан, ки аз калимот ва он аз ҳуруф ва он аз ҳарфу овоз иборат аст, нест, балки оид ба масоили неку бад будани сухан ва осори вай ба худ ва дигарон аст.
Аз ин ҷост, дӯстам, ки сухан бояд оҳиста гуфт, санҷида гуфт, нек гуфт, ҳақ гуфт, ба чашм нигаҳ карду гуфт, то ки он дилхарош мабошаду боиси ба Дӯзах афтидани мо магардад.
Сухан гуфтан масъулияти зиёдеро дорад, яъне, чун сухан гуфтӣ, пас, бояд ҷавоби онро низ дода бошӣ, чун дар ин дунё маҳз, мо метавонем чизеро ки хостем, гуфта бошем, вале дар он дунё, мо бояд аз осори ин гуфтаҳо, дар назди Худованди карим ба ҷавобгарӣ кашида мешавем.
Аз ин “забон” ҳам ба дор мекашанд ва инро набояд ки фаромӯш кард!
……….
- Дар идомаи тавзеҳ додани масоили сухани неку бад ва осори ҳар ду ва бобати имону гуфтани сухани нек ва ё беҳтар донистани хомӯшӣ.
Хуб, чу гуфтем, гар сухан мисли тир аст,
Пас, дили сомеъ ба мисли тоййир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё