Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

тутъиму-т-таъома ва тақраъус-салома ъало ман ъарафта ва ман лам таъриф”, яъне, (он касеро, ки...) “...
таъому саломро ба он касе, ки ӯро мешиносад ва намешиносад (яъне,
ошнову бегона, баробар), медиҳад”.

Ин бувад аз хислати неки мусалмони комил ва Исломи асил, ки ҳамаро, сарфи назар аз диниёту мазоҳибу миллату нажоду ҷинсиёту манзалоту мартабааш, бо як чашми нек назар дорад ва баробар қадр карда, ҳатто салому таъоми худро барои эшон, хоҳ ононро шиносад ва ё нашиносад, арзонӣ дорад.

Чун Ислом дини Худост ва шарти он таслим шудан ба Худованди карим будааст ва чун дар мадди чашмони Худованди таъоло, инсон ҳама аз Одаму Момоҳавоанд ва бани Одаманд ва аз як сармоя сиришта шуда, пас, чӣ ҷойи тақсимоту кибру адоват аст?

Мо бояд хуб дарс карда бошем, дӯстам, ки некӣ, чун аз Худосту асоси Ислому таслим шудан аст, марзу он ҳама монеъаҳои дар боло зикршударо намешиносад.

Дар назди некӣ ҳама баробаранд, хоҳ мусалмон бошад ва ё ғайри дин ва салому таъом додан аз аввалин ва аз корҳои осонтарин ва савобтарин аст, ки бояд ба ҳама дастрас бошад.
……….

  1. Оид ба масоили монандии мусалмон ба киштаву кофар бошад - ба санавбар (дар радифи шабоҳати маънавӣ, албатта).

Асли мо хок асту охир хок шавем,
Ҷон зи тан афшурда дар афлок шавем.
Ҷони моро кӣ кунад қабз аз бадан?
Кӣ барад ин ҷонро охир то ватан?
Кист яке бишнида аз дард нолишам?
Кӣ бимолад дасти меҳр бар хоришам?
Кӣ кунад чашмони тарро хушку нарм?
Кӣ гирад моро бар оғӯш гарм – гарм?
Кӣ диҳад бар мо умеди рӯзи хуш?
Кӣ гирад сангро зи пушти кӯзапушт?
Аз кӣ гӯям, - бар кӣ гӯям дарди хеш?
Кӣ даво бахшад маро аз заҳри неш?
Ман “кӣ” гӯям, ту бидон к-он аст Худо,
Дар ду олам он, ки нест аз мо ҷудо!
Он, ки ояд даҳ қадам, гар як зи мост,
Он, ки наздиктар зи шоҳраг, ин - Худост!
Ман Худо дорам! Чӣ ғам дорам, бигӯ,
Ман киро дорам ба дӯстӣ ғайри ӯ?!
Ин, чу мавзуъ аст, - дигар, ман хап кунам,

пешина
аз 175
навбатӣ