ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
масҷиди он мавзеъ, намози бомдодро имоматӣ намуд. Ва ин дар ҳоле, ки шаби дароз, дар он мавзеъ борон борида буд.
Баъди намози бомдод Паёмбари акрам аз масҷид хориҷ мешавад ва рӯй ба мардуми ҷамъшуда карда, чунин мегӯяд: “Оё Шумо медонед, ки Парвардгоратон чӣ мегӯяд?... Худованд мегӯяд, ки бандагони ман ду гурӯҳанд. Як гурӯҳе, ки ба ман имон доранд ва дигаре – гурӯҳи кофирон.
Касоне, ки мегӯянд: Худованд ба фазлу карами худ барои мо борон нозил кардааст, онон аз касоне ҳастанд, ки ба ман имон доранд ва ба таъсири ситораҳо куфр меварзанд. Аммо, касоне, ки мегӯянд: Ба василаи фалон ситорае борон дода шудаем, ин афрод ба ман кофир шудаанд ва ба ситораҳо имон доранд...”
Яъне, дӯстам, он ашхосе, ки ба Худованд бовар кардаанд, ҳамеша чунин бояд гӯянд: “... мутирна би фазли-л-лоҳи ва раҳматиҳӣ”, яъне, “Худованд ба фазлу карами худ барои мо борон нозил кардааст” ва чунин ҳам ҳаст ва инро танҳо касоне, ки “улул-ал-боб” (Қуръон), яъне, соҳибони ақлу хираданд, медонанду бас, вале афроди нодон дар фикри хоми онанд, ки гӯиё боронро (ва ё барфро ва ё чизи дигарро) “фалон ва фалон ситораҳо” барояшон нозилу муяссар кардаанд, на ки Худованди меҳрбону бениҳоят бораҳм. Ингуна ашхос аз аҳли ҷаҳолату дар қатори инкоркунандагони ҳақиқатанд (кофар).
Маҳз фазлу раҳмати Худованди ҳаким буд, ки борону барфро “... анзално минас-самоъи ила-л-арзи линухриҷакум набатан... ҳалолан таййибан... ризқан лакум... ва лианъомикум...” (қисмҳо аз Оёти мухталифа), яъне, ба мо аз осмон то замин фуруд меоварад, то ки дар замин набототро бирӯёнад, ки ҳалолу покиза аст ва ризқи мову анъоми (гову гӯсфанду уштуру ҳоказо) мост.
Ва чун ризқи мо “аз осмон ба сарамон меборад”, пас, дӯстам, оё ин фазли беандоза ва раҳмати Худованди раззоқ нест магар? Ё ин меҳрубонии ситораҳо аст? Оё ин ҳамаро дидаву дониста мо ҳақиқати ҳолу корро инкор мекунем ва он Худованди раззоқро, ки ба мо чунин меҳрубонӣ мекунад, намепазирем? То кай болида аз фахру кибру ғурурамон мо “кӯрҳақ” нисбати ин масоилем? Баъзан “алиф”-ро аз “йо”фарқ намекунем, вале дар каттагарӣ дар сафи пешем... Афсӯс!
……….
15. Оид ба масоили вақт ва воҷибу заруру саривақтӣ будани ҳама кор дар вақти худ.
Чист ирода? - Хоҳишу қасду ният,
Матлабу дархосту амну ҷамъият...
Баъд аз он қавл асту дар кор дасту дил,
То шавад дархост бо аъмол муштағил.
Инчунин номанд фаслро вақти кор,
Асраъу фи-л-вақтиҳо, ай марди кор!
Чун зи ҳиммат гар бубастӣ ин камар,
Кори ту омад биёбад, ҳин, нигар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё