ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бале, дӯстам, аввал ин, ки ҷон ҳам амонати Худованди карим аст, ки муваққатан ба инсон дода шудааст. Ва чун ин амонати муваққатӣ, ки ҳаст, шубҳа нест, ки рӯзе амонатро бояд ба Амонатдеҳ бозгардонида диҳад.
Пас, чӣ ҷойи ҳасрату надомату нолиш ва “мӯйканиву рӯйканӣ”, гар қарзро Қарздиҳанда аз мо бозгардонад? Гирифтани қарз хуб аст, вале, чаро бозгардонидани вай ба Қарздиҳанда “бад” будааст? Кӣ аз кӣ қарздор аст? Мо аз Худо ва ё Худо аз мо?
Дувум он аст, ки дӯстам, кори тақдир ҳамин аст, ки рӯзе омадану рӯзе
рафтанист. Чун дар рӯзи омаданамон ҳама аз Худованд розиву хурсанд шуда
буданд, пас, рӯзи рафтанамон, онҳо аз мову Худо бояд, ки розӣ бошанд. Ана
ҳамин аст мазмуни гуфтани “Аз ман розӣ шавед!”
Аз ин сабаб, дӯстам, гиряву нолишу зорӣ, мӯйканиву рӯйхарошӣ, дарронидани либосу мушт бар тану андом заданҳо аз нишонаи норозигии инсони қарздор ва он муҳите, ки бар онҳо инсон ато шуда буд, аз Худованди қарздиҳанда аст.
Ҳеҷ қуввате нест, ки мурдаро зинда карда тавонад. Пас, ин як кори беҳуда аст
ва аз чунин беҳудагӣ бояд даст кашид. Чун дар урфият мегӯянд (ва рост
мегӯянд): “Худо дод, Худо гирифт!”
……….
- Оид ба масоили суханчинӣ (хабаркашӣ) ва ҳоли минбаъдаи қаттот.
Аз дари Ҷаннат бимонад бас баъид,
Он, ки дорад дар даҳон лаҳми шадид.
Ҳарки қаттот аст набинад бахти хуш,
Чун ҳасуд ӯ пас бубинад марги муш.
Ҳар сухан, к-ӯ чида буд, гардад вақид,
Оташи сӯзон шавад аз вай падид.
Мисли ҳезум андаруни нор кунанд,
Чанд маррот сӯхтаву безор кунанд.
Мех зананд бар пойи ӯ дар бандаре,
Даст кашад Шайтон зи ӯ аз минбаре.
Вай “... бариъун минка” – гуфта, зор кунад,
Амри пештар додаро бекор кунад.
З-инчунин як “дӯсти” бешарм кун ҳазар,
Бетакаллуф, душманат ӯст, ай писар.
Чун вафо кард дар саро, ҳатман пагоҳ
Мефурӯшад рӯзи дигар мурдаро.
На ки буд ӯ дӯсти ту андар ҳаёт,
На шавад ӯ содиқат андар мамот.
Пас, забон дору варо андар даҳон
Бас нигаҳ дор маҳкам андар ин ҷаҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё