Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар тани ҷон пӯш либоси тақвиро,
Гар ҳамехоҳӣ зи Ҷаннат маъвиро.
В-он Худо, медон, чӣ гуфтаст, ай рафиқ?
Ҳар либос бо хайр гаштаст муттафиқ!
...

Имрон Ибни Ҳусайн (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) боре фармуд: “Ал-ҳаёъу ло йаътӣ илло би хайрин”, яъне, “Аз ҳаё ҷуз хайру баракат натиҷаи дигаре ҳосил намешавад”, яъне, натиҷа ва маҳсули шарму ҳаё - хайру баракат ва омади кор будааст ва комёб шудан аст, ва зафар ёфтан аст ва ғолиб гаштан аст.

Пас, дӯстам, гар шахс шарму ҳаё, нангу номус надошта бошад, мисли он аст, ки зоҳиран зебову валекин ботинан шахси бенур аст.

Ҷуз ифлосиву чирку чарб ва бӯйи ғализ, ҳамчу, гӯиё ки ноби раҳақро (шарбати холисро) бо тоб додан (афшонидан) бо чирки сапеди андаруни вай таҳшиншударо махлут гардонида, шарбати лазизро ба сиркои турш мубаддал гардонидан аст.

Шарму ҳаё асбобест, воситаест, беҳтар гӯем – муҳаррикест, ки агар шахсе онро надошта бошад, пас, вай аз парҳез дур асту аз қатори ашхоси ботақво нест, чунки ягон унсури дарунии имон ҷуз ҳаё, наметавонад шахсро аз чунин кор боздорад; маҳз шарму ҳаё боиси он мешавад, ки инсон каме бошад ҳам, аз кори нодуруст даст мекашаду аз ҳаром дур меистад.

Бидон, дӯстам, ки либоси шахси ботақво, яъне, парҳезгор, маҳз шарму ҳаё аст, чунки, агар шахс шарму ҳаё надошта бошад, пас, ӯ аз кардани кори ҳарому манъшуда, на шарм мекунад, на ҳаё.

Пас, чун ҳатто дар Қуръон омада, ибораест, ки Худованди мутаъол мефармояд:
“... либосун хайрун”, яъне, “пӯшидании нек” аст ва аз ин ҷост, ки ҳар пӯшиданӣ, ба мисли он, ки либоси шахси ботақво шарму ҳаёст, ин намуди либос низ бароямон воҷиб шудааст.

Албатта, дӯстам, шарму ҳаё либоси пӯшиданӣ бар тан нест, балки “либоси пӯшиданӣ бар ҷон” аст ва бояд мо ҷони урёни худро бо ингуна либос бипӯшонем.

Танҳо баъд аз пӯшидани ҷон бо он либос, ҷони мо батақво мешавад. Вагарна ҷони мо дар зери таъсири кибру ғурур, ана дар ҳамон, чун Худованд фармуд, - “... туғёниҳим йаъмаҳун”, яъне дар туғёну саркашиву ҷаҳолатамон бозмемонему саргардон мегардем.

……….

пешина
аз 175
навбатӣ