Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз чунин тафсир чӣ ояд баҳри панд?
Ай, бале: Нек - беҳтару нектар – писанд!
Лек маводу қасди мо нест ҷуз зи ин
Гуфта бошем аз дигар ақсоми дин.
Мар таваҷҷуҳ гар туро бошад, шунав,
Ки чӣ фармуд нисбати ҳар зудрав:
“Ҳар ки сабқат мекунад, чолок вай аст,
Ҷаннати мавъуда, бешак, аз вай аст.
Ҳар ки сустӣ мекунад дар кори дин,
Бозмонад аз насиби ону ин.
Ҳар ки аз даст медиҳад парри симурғ,
Бозмонад дар катак бо курк мурғ.
Ҳар ки муштоқи саҳар аст, кӯршаб аст,
Мисли булбул хонад ӯву бо Раб аст.”
В-ин сухан поён надорад, муҳтавош:
Чусту чолок дар ҳама кораш бибош!
Бар тини ноарзише ғафлат фурӯш,
Моили равнақ ва ин сабқат бикӯш.
Роғиби нек бошу з-он пас ту бубин,
Кӣ чӣ гардад оқибат корат зи ин!
Аз қатори “... сабъуно алфан” шавӣ,
Сӯи Ҷаннат, бетакаллуф, ту равӣ!
...

Абу Ҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “... йадхулу мин умматӣ зумратун ҳум сабъуно алфан, тузиъу вуҷуҳуҳум изоъата-л-қамари лайлата-л-бадри”.

Яъне, “... ҳафтод ҳазор нафар аз умматам, дар ҳоле ки чеҳраҳошон монанди моҳ медурахшад, дохили Биҳишт мешаванд”.

Ин вақт, яке аз умматонаш, Уккоша Ибни Миҳсан, даррав аз ин имконият истифода мебарад ва аз Паёмбар илтимос мекунад, ки Паёмбар ӯро дуо кунад, то ки вай аз зумраи он ҳафтодҳазора гардад.

Паёмбари акрам (с.а.в.) дуо мекунад ва дуояш мустаҷоб мегардад.

Инро дида, каси дигари дар он ҷо буда, аз Паёмбар илтимос мекунад, ки ӯро низ дуо карда бошад, вале Паёмбар лутфкунон чунин ба ӯ ҷавоб медиҳад: “...
сабақака Уккоша”, яъне, “... Уккоша пешдастӣ кард ва аз ту сабқат гирифт”.

Бале, дӯстам, дар чунин ҳолатҳо инсон бояд бешакку шубҳа пешдастӣ кунад, чусту чолок бошад ва ин имкониятро аз даст мадиҳад ва шояд ҳамин ҳадис боис шуда бошад, ки дар урфият низ чунин мегӯянд: “Суст аз Ҷаннат мондааст...”? Худованд беҳтар медонад, вале дар ин гуфтаҳо мантиқи амиқест.

пешина
аз 175
навбатӣ