ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳамин тавр, шабро рўз кардем. Ман ки хеле хаста шуда будаму аз Эркамоҳ ба тарзи пештара дуруст коми дил ҳосил карда натавонистам, дар бистар дароз кашида, маҷоли хестан надоштам. Ў аз хоб пештар хеста, барои шустушўй ба ҳаммом рафта буд. Ногаҳон, овози пичирпичири модарарўсам ба гўшам расид, ки дар бораи падари ранҷурам мегуфтанд. Ба тезӣ аз бистар ҷаста хестаму аз даҳони тирезаи нимроғшуда ба берун нигариста, гўш кардам. Онҳо хаёл карданд, ки ман ҳанўз ҳам хобам. Модарарўсам кампири Васвасабону ба духтараш панд дода мегуфт:
– Шаб ҳамаи пулҳоро аз дасташ гирифтӣ?
Духтараш дар ҷавоб гуфт:
– 3000 сўмашро гирифтам. Мегўяд, ки ба 500 сўми дигараш барои шумо сару либосворӣ харидам. Шаб ҳисоб карда баромадам, ҳамаи сару либоси харидааш 400 сўмро ташкил медиҳад, намедонам 100 сўми дигарашро куҷо карда бошад?
Модараш насиҳат карда гуфт:
– Эркамоҳ, ту садҳо маротиба шукри бачахони ман Эркинҷонро кун, ки ин тайлоқа соҳиби пули калон кард.
Ҳарчи метавонӣ ба Эркинҷон наздик шаву дили ўро ба даст ор, пас соҳиби ҳар чиз мешавӣ! Агар пула гирифта бошӣ, дар бораи марги падараш хабар деҳ, рафта дар сари гўраш дуо хонда биёяд.
Дар баробари шунидани хабари марги падарам ҳуш аз сарам париду давида, ба берун баромадам ва гуфтам:
– Чӣ гап шудааст? Дар сари гўри кӣ дуо кунам? Оё ба падарам ягон ҳодиса шудааст?
Занам мехост, чизе гўяд, лекин модараш ўро бо ишораи даст хомўш карда, худ гуфт:
– Собирҷон, баъд аз як моҳи ба кор рафтани ту, падарат дунёро тарк кард…
Дар ҳамин вақт насиҳати падарам ба ёдам омад, ки борҳо мегуфт: Дар ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст: «Ба парастории падару модар машғул шавед, бояд, ки пеш аз сафар кардан аз волидайн иҷозат бигиред, ҳатто барои ҷиҳод намудан дар роҳи Худо ба шарте ки он фарзи айн нагардида бошад...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё