ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Оҳ Худо, дар сарам зад, мани нодони бадбахт бо фармони зану модарарўсам, бе иҷозати падари маризам сафар кардам. Дар аввал карахт шудам, даҳонам хушк шуд, забонам дар комам часпид ва қариб буд, ки аз пой афтам. Оби дида дар чашмонам ҳалқа зад ва ба бари рўям ҷорӣ шуда ба болои хок мечакид. Ҳиққосзанон талх-талх гиристам ва бо овози ғамангези гиряолуд ба онҳо хитоб карда гуфтам:
– Эй сангдилҳо, беинсофҳо, маро аз падару модар зиндаҷудо кардед. Бас набуд, ки дар мурдааш хабарам накардед. Чаро сим (занг) назадед ва ё ба дасти Эркинҷони бачахонатон хабарам накардед? Охир, ў дар як моҳ ду-се маротиба аз Душанбе ба Помир рафтуомад дошт.
Модарарўсам бо як оҳанги нарми маслиҳатомез гуфт:
– Писарам, Собирҷон, сабр кун, ҳеҷ гоҳ мурда дигар зинда намешавад, аммо фарди зинда бояд корашро идома диҳад. Бо омадани ту, падари худораҳматият зинда намешуд. Шукри зану фарзандонатро ба ҷой ору дар ҳаққи падарат дуо кун, ҳаминаш бас аст. Дар рўзи фавти падарат, хоҳарат ҳамроҳи шавҳари лангаш омада буданд, ки ба шумо занг зада, аз марги нобаҳангоми падарат хабар диҳанд, то ки ту барои харҷи маросими дафну худоӣ ба онҳо ягон сўм ёрӣ расонӣ. Ману Эркамоҳ ба назди бачахонам Эркинҷон рафта, ҳодисаро шарҳ додем.
Ў розӣ нашуда гуфт: «Агар Собирро ҷеғ занед, аввалаш ин ки ба маросими дафн расида омада наметавонад, дуюмаш ҳоло ў пул надорад, сеюмаш саргардон шуда, аз маоши моҳонаю мукофотпулӣ мемонад. Беҳтараш ҷеғ намезанем». Аз назди Эркинҷон баргашта, хоҳарату шавҳарашро фаҳмонда гуфтем, ки бо омадани Собир мурда зинда намешавад. Ў пул-мул надорад, шумо ба имомхатиби масҷиду халқи деҳаатон муроҷиат кунед, онҳо пул ҷамъ карда, дар роҳи Аллоҳ маросими дафну ҳафту чилро мегузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё