ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Аз ҷаври ту шодон нанишастам ҳаргиз,
В-аз боғи рухат гуле начидам ҳаргиз.
З-ин гуна, ки кўр кардӣ аз гиря маро,
Ҷони ту, ки рўйи ту набинам ҳаргиз.
Гуле, ки бўй надорад, чаман ба ў ҳайф аст,
Шахсе, ки фаҳм надорад, сухан ба ў ҳайф аст.
Писарҷонам, орзую умеди чандинсолаи дили маро шикастӣ. Ҳамон вақте, ки падар шудӣ, баъд ба қадри падар мерасӣ. Ман туро оқ намекунам, аммо розӣ ҳастам, ки ному насаби падарандаратро ба худ гирӣ.
Вафо қаламу коғаз гирифта, розигӣ дод, ки ному насаби Нормуроди Вафо бо Нормуроди Сафо иваз карда шавад ва худ бо ду даст рўяшро пинҳон кард. Қатраҳои ашки сўзон аз байни ангуштонаш ба замин мечакиданд. Ў дигар қуввати рафтор надошт, худро дилшикастатарин, таҳқиршудатарин инсони рўйи замин меҳисобид. Дар як лаҳза ранги рўяш пажмурдаву зард гашта буд, тез-тез оҳи сўзнок мекашид, гўё аз дилу ҷигари сўхтааш дуд фаввора мезад.
Аз ин ҳолати ба сари Вафо омада одамони дар ҷамъомад буда низ, таассуф хўрда, ашк резонданд. Вафо дар сари чамбараки мошин кўдаквор мегиристу Валӣ ўро дилбардорӣ мекард. Ў садо баланд карда гуфт:
– Эй Нормурод, агарчӣ бо санги бадгуҳар шишаи диламро шикастаӣ ва дар ҳузури дўстону душманон шармсорам кардаӣ, бо ин ҳама туро дидан мехоҳам, дўстат медорам.
Ҳарчанд, ки аз ту сад ҷафо хоҳам дид,
Ҳам дар ту ба сад гуна розӣ хоҳам дид.
То дил бошад, ҳамин туро хоҳам хост,
То дида бувад, ҳамин туро хоҳам дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё