ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дар баробари ба хона расидан ҳарорати бадани Вафо баланд шуд. Се шабонарўз дар хона бистарӣ гардид, аммо саломатиаш рўз ба рўз вазнин мегашт. Фишори хунаш паст намешуд. Оқибат ўро дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, дар шўъбаи бемориҳои асаб хобонданд. Табибон баъд аз ташхис муайян карданд, ки сабаби фишорбаландӣ ин фикру тахайюлоти қалбии ў мебошад. Ў беҳтарину қиматтарин молу сарват ва азизтарин наздикашро гум кардааст ва ғоратгарони бераҳму шафқат онро аз ў рабудаанд.
Оҳ, қалби падар чӣ қадар ғамхору дўстдори фарзанд аст. Фарзанд чӣ қадар ҷабру ҷафоҳо накарда бошад ҳам, ў бе фарзанд зиста, хўрок хўрда, хоб карда ва фикр карда наметавонад. Ҷабру ҷафои фарзанди хирасар падарро аз пой афтонд ва дарду доғи ҳиҷрон ўро аз дунё бо садҳо ҳасрату алам хоҳад бурд.
Дил гирифтори сутўҳ аз оҳу афғони ман аст,
Авҷгирии ҷунун дар ашки сўзони ман аст.
Метапам дар хештан бо ёди он паймоншикан,
Ваҳшати оинаро к-аз ҳиҷри ҷонони ман аст...
ВОХЎРИИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ
Аз миён солҳо бо пастию баландӣ, талхию шириниҳояшон чун хобу хаёлҳо сипарӣ шуданд. Аз зиндагонии якҷояи Вафою Садоқат фарзандонашон Фарҳоду Далер ва Шабнам таваллуд шуданд. Аз Сафою Нозия дар давоми зиндагонияшон Азизаю Эраҷ ба олами ҳастӣ омаданд.
Вафоро ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба кори доимӣ даъват карданд. Баъди чор соли кор Вафо дар ин шаҳри азим соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ шуд. Фарҳод мактаби милисагиро хатм карда, бо рутбаи лейтенанти калон дар «ОМОН»-и Федератсияи Русия ба кор даромад. Далер баъд аз хатми Донишгоҳи муҳандисӣ муҳандиси ҳавопаймо шуда, дар майдони ҳавоии «Домодедово»-и шаҳри Маскав ба кор шомил гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё