ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Шабнам бошад, дар коллеҷи тиббии шаҳри Москва таҳсил мекард.
Нормурод баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид, аммо бахт ба рўяш нахандид. Аз имтиҳони тестӣ баҳои паст гирифту нагузашт. Ба тақдир тан дода, ҳуҷҷатҳояшро ба омўзишгоҳи омори шаҳри Ваҳдат супорид. Баъди хатми омўзишгоҳ панҷ соли расо дар корхонае муҳандис шуда, бо музди ночизе кор кард. Ўро баъд аз хатми омўзишгоҳ бо духтари холааш хонадор карда буданд ва аз зиндагии якҷоя дар давоми панҷ сол соҳиби як писару як духтар гардиданд.
Зиндагонии ҳар як шахс басе пастию баландӣ, талхию ширинӣ дорад. Зиндагӣ мактаби ҳаёт аст, меомўзонад, хомҳоро пухта, хоболудҳоро бедор мекунад, аммо одамони бехиради гўлу гумроҳи бераҳмро ҳеҷ таконе дода наметавонад. Беҳуда ҳазрати Мирзо Абдулқодири Бедил нагуфта, ки «зиндагӣ оинаро мўҳтоҷи хокистар кунад». Аз зиндагонии қашшоқона Нормурод безор шуда буд. Ў бегоҳӣ хастаю гурусна аз кор бармегашт, дар рў ба рўяш ҳамсинфаш Салими корчаллонро дид. Дар айёми мактабхонӣ ҳушёрию зиракии Салимро дида, ҳамсинфон ўро Салими «корчаллон» тахаллус гузошта буданд. Баъд аз салому алейк Салим пешдастӣ карда гуфт:
– Ҳа! Доктор Нормурод, аҳволат чӣ тавр? Рисолаи докториро ҳимоя кардӣ ё не?!
Аз сабабе, ки Нормурод дар айёми мактабхонӣ худнамоӣ карда, мегуфт, ки ман хонда доктор мешавам, Салим ўро таҳқиромез «доктор» гуфта, муроҷиат кард.
Онҳо бо ҳамдигар дуру дароз сўҳбат карда, давраҳои мактабхонияшонро ба ёд оварда, хеле хандиданд. Салим аз аҳволу зисту зиндагонии Нормурод пурсон шуда, дар охир гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё