ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Аз зарбаи сахти чўбдаста сару миёни Нормурод дард мекард. Ба ҳар ҳол аз ҷояш ҷаҳида хеста, чашмонашро молида-молида ба тарафи ду милисаи шабгард менигарист. Дар рўшноии чароғак симои онҳоро ба хубӣ дида наметавонист. Онҳо ба фарқи сараш ду чўбдасти резинии обдор зада, аз китфаш дошта, ба роҳи пиёдагард мебурданд. Нормурод борхалтааш дар сари китф пеш-пеш, аз хастагию гуруснагӣ чун маст калавида-калавида мерафту милисаҳо бо забони русӣ ўро дашномҳои қабеҳ дода, таҳдиду зўроварӣ карда, ба тарафи шўъбаи корҳои дохилӣ мерафтанд. Ўро ғайриқонунӣ як шабонарўз нигоҳ доштанд. Пас аз лату кўбу пурсу пос маблағе пайдо накарданд ва таъқибу тафтишро бефоида дониста, ўро ба тагхонае бурданд.
Ҳар лаҳза акши сўзон чашмони Нормуродро пур мекард, оҳиста дамида берун меомад ва якбора ба рухсораш мешорид. Ў тоқати дар фарши ифлосу пуроб хоб карданро надорад, лекин ин макони бадбўй аз азобу шиканҷаҳои милисаҳои сари роҳ беҳтар менамуд. Хулоса, баъди ҳабси якчандрўза милисаҳо ўро депортатсия накарданд, аз ин кор ба онҳо зарар буду ягон фоида намерасид. Нормуродро чун ғулом фурўхтанд. Ў телефони мобилӣ надошт, ки ба хона ва ё ба Салим занг занад. Телефонашро кайҳо ба яғмо бурда буданд.
Нормуроди бемурод расо шаш моҳ дар тагхонаи пинҳонии Борис Исакович – яҳуди ҳасибфурўш бо ҳамроҳии ду нафар, яке украину дигаре ўзбек, аз гўштҳои ҳароми ҳайвонҳои гуногун ҳасиб мепухтанд. Ин се нафарро Борис Исакович гўё чун ғулом ба ивази ҷойи хоб ва хўрду хўрокаш кор мефармуд. Нормурод, ки ҷавони болоқади камонабрўй буду чашму бурутҳои зебо дошт, ба духтари Борис Исакович, Света, маъқул шуд. Света пинҳонӣ аз падар бо Нормурод мулоқот карда, изҳори муҳаббат мекард, лекин Нормурод бо садҳо баҳона ишқи яҳудидухтарро рад мекард ва мисолҳо оварда, исбот карданӣ мешуд, ки ман зану фарзанд дорам ва мусалмон бо яҳудӣ издивоҷашон номумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё