Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин норозӣгии Нормурод хашми Светаро меовард ва мегуфт:
– Агар ту ишқи маро қабул кунӣ, соҳиби хонаву манзил, молу сарват ва шаҳрвандии Русия мешавӣ!
Нормурод мегуфт:
– Падарат маро ғулом кардааст. Шаш моҳ боз инҷониб маоше намегирам. Аз ватану аҳли оилаам ҳеҷ хабаре надорам, ман чӣ тавр ишқи шуморо мепазирам?
Ҳусну ҷамол ва ишқи Света дасту бозувони Нормуродро баст, чунон баст, ки аз он раҳоӣ ёфтан мушкил буд.
Шабе пинҳонӣ аз падар Света Нормуродро ба ҳуҷраи хобаш талаб кард. Ў дар болои миз ҳама гуна хўрду хўрок ва мевагию анвои нўшиданиро муҳайё карда буд. Бо хоҳишу зорию таваллои яҳудидухтар нахустин маротиба ҷавони нодони мусалмон май нўшид ва каме сархуш ҳам гашт. Дастони сап-сафеди булўрини Светаро бўсаборон карда, ўро ба канор кашид. Чунин бадани зеборо гўё бори нахуст медид. Света нимбараҳна шуда, худро ба болои дивани нарму гарм ҳаво дод. Нормурод ҳам чун шери масти ба ҳуҷуми оҳу тайёршуда худро ба болои Светаи ба пушт хобида ҳаво дод. Баъд аз дақиқаи канору бўсобўсӣ Света ба фикру андешаҳои дуру дароз рафта, дар охир ба худ омада изҳор карда гуфт:
– Норка, ман як чизро аз шумо пинҳон доштам, бахшиш! Ман шавҳар дорам. Се сол аст, ки ў дар маҳбас аст. Ба наздикӣ бояд афв шавад. Аз ин хеле хавотир ҳастам, вагарна ҳеҷ гоҳ туро, эй сиёҳчашм, аз даст доданӣ нестам.
Хабари он, ки Света шавҳар дорад, мисли таркиши бомбае буд, ки дар қалби Нормурод мунфаҷир гашт. Ў худро аз Света дур гирифт ва шукри онро мекард, ки кори баду фаҳшеро ҳоло анҷом надодааст. Нормурод чун баррачаи рамида худро аз чанголи модагурги гурусна раҳо карданӣ буд.

пешина
аз 191
навбатӣ