Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бист дақиқа суруд хонд, хандид, рақсид ва дар охир гирён шуд. Ҳамагон ҳайрон шуданд. Садоқату Шабнам аз ошхона ба меҳмонхона омада, моту карахт ба Вафо менигаристанд. Ҳамагон хаёл карданд, ки ин ҷавонмарди
50 сола маст ва ё девона шудааст. Дар охир Вафо ба завҷаю фарзандонаш ишора карда, бо ҳаяҷон дод зада гуфт:
– Ин чи вохўрии ногаҳонӣ, пас аз 17 сол ин фарзанди ҷигарбанди ман, бародари шумо Нормуроди гумшуда аст!
Ў ба назди писараш омад. Нормурод пешдастӣ карда, сар дар пеши пойи падар монда, чун кўдак зор-зор гирист ва бо оби ду дида пойҳои падарро мешусту бо лабон бўса мезад. Падар хам шуда, сари писарро дар канор гирифту аз ду дида на ашки сўзон, балки ашки нарму гарми шодӣ мерехт.
Садоқату Шабнам, Фарҳоду Далер – яке шавҳару фарзанд, дигарон падару бародари гумшудаи худро дар канор гирифта, шодию хурсандӣ мекарданд.

Имрўз рўзи навбати дидори дилбар аст,
Имрўз рўзи толеи хуршеди акбар аст.
Ду ёр қаҳрбореву хунхор буд, лек,
Имрўз лутфи мутлақу бечорапарвар аст.

ДЕР ФАҲМИДАМ
ҚИМАТАТ, ЭЙ ПАДАРҶОН!

Эй падарҷон, ман зи ту дарси ҳаёт омўхтам,
Дар тафаккур ман зи ту азму субот андўхтам.
Дар тариқат пири ман будиву ҳам мушкилкушо,
Чашмаи меҳри дили ту баҳри ман оби шифо.
Мондаӣ дар хотиротам сарпарасту меҳрубон,
Роҳи ту роҳи ҳақиқат буду ман сўяш равон.
Ҳар шабе аз сўзиши ҷон камтарак мехуфтӣ ту,
Ҳамчу мардони Худо доим Худо мегуфтӣ ту.

пешина
аз 191
навбатӣ