Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Ҳамшаҳр, бедор шав!
Ў бедор шуд ва дар рў ба рўяш Фарҳоди ҳамватанашро дид ва хурсанд шуда ҳамди Худоро ба ҷой овард, ки ин ҳама даҳшат на дар бедорӣ, балки дар хоб будааст. Ҳамаи арзи дили худро гуфта дод. Фарҳод гуфт:
– Эй ҳамватан, ба хонаи мо меравем ва баъди як ҳафта ман ба шумо чипта харида, ба ватан гусел мекунам.
– Дар бораи шумо профессори бомаърифат И.М.
Фанфилов маълумот дод. Ман аз ҳолу аҳволи шумо огоҳӣ ёфтам.
Таоми шом тайёр шуд. Дар гирди миз Нормурод, Фарҳод, Далер ва Вафо ҷамъ омаданд. Баъди тановули хўрок аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон шуданд. Нахустин маротиба Вафо ба пурсиш сар карда гуфт:
– Писарам, аз куҷои Тоҷикистон мешавед?
– Аз шаҳри Ваҳдат!
Дар баробари номи Ваҳдатро ба забон гирифтани ҷавон як дигаргунӣ дар тамоми узвҳои бадани Вафо пайдо шуд. Ў ба ҷавон бо диққат назар карда, шитобон гуфт:
– Эй ҷавони хубу зебо, канӣ гап зан, шунавем, шуморо ба касе монанд карда истодаам, ному насабатон чист?
– Ному насабам Раҳмонов Нормурод Сафоевич!
Дар баробари шунидани ин ному насаб гўё дунё ба фарёд омада буд, тамоми ашёҳои атроф суруд хонда рақс мекарданд. Вафо «Нормурод, Нормуродҷони гумшуда, боз ба Канъон омад» гўён ба рақс даромад ва ин сурудро мехонд:

Мурғи дилам боз паридан гирифт,
Тўтии ҷон қанд чаридан гирифт.
Уштури девонаи сармасти ман,
Силсилаи ақл даридан гирифт.

пешина
аз 191
навбатӣ