Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Онҳо аз ин суханони мо ноумед шуда, гирёну нолон баргашта рафтанд. Ману падарарўсат бемор будем. Эркамоҳ дар болои сари мо буд, аз ҳамин сабаб дар маросими дафн мо ҳам иштирок карда натавонистем. Дар маросими ҳафту чил бошад, ману занат ҳамроҳи Эркинҷон бо лаълию лаганд ширкат варзидем. Халқи деҳаатон дар масҷид пул ҷамъ карда, маросими 40-ро хуб гузаронидаанд. Боз чӣ мехоҳӣ?! Эй ношукрбанда?!
Аз ин суханони ахмақонаи модарарўсам ба ғазаб омада гуфтам:
– Лаънат ба пул! Лаънат ба ҳамон Эркинҷони шумо!
Чаро маро дар дафни падарам хабардор накардед? Шумо чӣ хел ва чӣ тавр мемурда бошед? Шумо коре кардед, ки мани гўлу гумроҳро дар назди халқу Худо гунаҳгору шармандаи ҳарду ҷаҳон кардед. Падар ба як ҷаҳон орзую умед, бо заҳмату ранҷҳои бешумор фарзандро ба воя мерасонад, ки дар айёми пирию беморӣ ў асои дасташ гардаду дар вақти марг пояи тобуташро бигирад. Мани бадбахт на дар сари турбати падар гириста, ашки мотами меҳри фарзандиро резондаму на пояи тобуташро гирифтам, ки ақаллан аз ҳазор як қарзи фарзандиро ба ҷой орам. Охир, падарам борҳо ба ман панд дода, гуфта буд:
Набошад морро бача ба ҷуз мор, Наёрад шохи бад, ҷуз тухми бад бор…
Набошад хуш сафар дар тандурустӣ, Нигар то чун бувад, дар ранҷу сустӣ…
Гули наргис накў бошад ба дидан, Валекин талх бошад дар чашидан.
Дергоҳ гиристам, чунон гиристам, ки чашмонам монанди гули лола суп-сурх шуда, варамида буд. Пас аз андаке ба худ омаданам ба Эркамоҳ рўй оварда гуфтам:

пешина
аз 191
навбатӣ