ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Очаи зорашро нишон медиҳам! Ман ҳам мезанам!
Падарам ҳай-ҳайкунон мегуфт:
– Агар касе маро бегуноҳ торсакие дар бари рўям занад, «Офарин!» гуфта, бари рўйи дигарамро мегардонам, то ки боз занад.
Мани нодону гўлу гумроҳ механдидам ва мегуфтам:
– Падар, магар шумо метарсед?
Ў мегуфт:
– Бачам, сад муштро ба худ гиру як мушт ба кас надеҳ! Ҳар дасти зўрро болояш мушти зўре ҳаст. Аз ғазаби Худои Ҷаббор тарсед!
Хислатҳои инсони комилро доштани падарам дар он зоҳир мегардид, ки ў ба одамони камбағал қарз медоду солҳо суроғаш намекард. Ў мегуфт:
– Ин маблағ ба закот намерасад, хайру савобаш дар ҳамин қарзи бемўҳлат аст, онҳо ба ин восита ҳоҷаташонро мебароранд. Одамони бо ҳам ҷангию қаҳриро коре карда, бо насиҳат бо ҳам дўст мегардонд ва сулҳу ваҳдатро бақои зиндагӣ, роҳи расидан ба хушбахтӣ меномид. Одамони муҷаррадро, хоҳ зану хоҳ мард бошанд, бо далолати хайр хонадор мекард. Худаш бо волидони писар сўҳбат карда, ҳамроҳи онҳо ба хонаи духтардор хостгорӣ мерафт. Садақа доданро ба ятимону бечорагони яккаю танҳо вазифаи асосӣ мешуморид. Ёд надорам, ки бе узр ва ё бо сабаби беморӣ боре ҳам намозро яккаю танҳо хонда бошад, доимо дар масҷид ибодату муноҷот ба даргоҳи Худованд мекард. Саводи пурра надошт, аммо доимо дар сўҳбати аҳли илм, хусусан уламои Ислом буд. Дар бораи бобоям Ҳазрати Мавлавӣ, Домуллои Сурхиён ва Шайх Абдураҳими Давлати Элокӣ нақлу ривоятҳои зиёде мекард. Аз номи Шайх Саъдии бузургвор мегуфт:
Гадоён бинӣ андар рўзи маҳшар, Ба тахти мулук ҳамчун подшоҳон.
Чунон нуронӣ аз фарри ибодат, Ки гўӣ офтобанду моҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё