ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Худованд дарвеши бенаворо дўст медорад, зеро ки ў тақво дораду бо он чизе, ки ўро Холиқаш додааст, шукргузор асту қаноат мекунад. Дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қиссаву ҳикояҳои ғамангезеро нақл мекарду аз чашмонаш ба ёди рўзҳои пур аз фоҷиаву даҳшатбори ҳаёташ, ки ба маҷрўҳӣ гирифтораш карда буд, ашки ҳасрат равон мешуд. Боре сухан дар бораи парҳезкорию покии инсон рафт. Ў оҳи чуқуре аз қалби пур аз ғаму дарди рўзҳои гузашта кашида гуфт:
– Соли 1941 ҷанги хонумонсўз сар шуд. Падарам, Иброҳим, раиси колхози «Дараи Ҳамза» буд. Ҷавононро ба ҷанг мебурданд. Бародарам, Мирзо, овозаи ҷангро шунида, бо ҳамроҳии чанде аз ҷавонони деҳа фирории кўҳу пушта шуд. Рўзе аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Ромит ба номи ману бародарам даъватнома омад.
Падарам маро даъват карда: – Фарзандам, ба тую бародарат даъватнома омадааст. Бародарат Мирзо фирорӣ шудааст, ту бошӣ, оиладору фарзанддор ҳастӣ, чӣ кор кунам? – гуфту ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд.
Ман гуфтам:
– Ҳеҷ гап не, падарҷон, ман барои ҳимояи Ватан ба ҷанг меравам!
Ҳамин тавр ҳам шуд. Рўзи Наврўз – 21-уми марти соли 1942 падари ба ҷону дил баробарам маро аз маркази Ромит ба ҷанг гусел мекард. Дар вақти гусел ў маро сахт ба оғўш кашида бўсид ва сонӣ ашки чашмонашро дошта, бароям насиҳати мардонае кард:
– Писарҷонам, парво накун, ба тақдиру қисмати илоҳӣ тан деҳ. Ҳимояи ватану миллат қарзи инсонию имонии ҳар як инсон мебошад. Агар Худо насиб карда бошад, дар ҳамин дунё боз ба дидори ҳамдигар мерасем ва гар на, дар он дунё дидор хоҳем дид. Зану духтарчаат Бўригулро чун гавҳараки чашм, то соқу саломат омаданат нигоҳ мекунам. Таваккал бар Худои бузург кунед! Алвидоъ, алвидоъ! – гўён аз ман дур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё